Jump to content

Акрам Акрамхоҷаи Тошкандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Акрам Акрамхоҷаи
Номи пурра Акрам Акрамхоҷаи Тошкандӣ
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: тоҷик

Акрам Акрамхоҷаи Тошкандӣ (асри 19) — шоири тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Мувофиқи маълумоти «Тазкират-уш-шуаро»-и Муҳтарам Акрам шахси таҳсилдида, огоҳ аз улуми мутадовилаи замон будааст. Дар тазкираҳо ва баёзҳо ғазалҳояш ба назар мерасанд. Абёти зерин аз ӯст:

Бе майи лаъли лабат кай дорад имкон зиндагӣ,
Соғари ҷисмӣ надорад бе майи ҷон зиндагӣ.
Ғунча дилхун, бенаво булбул ба гулшан бе рухат,
Бе рухат, ҷоно, надорад ҳеч сомон зиндагӣ.
Дил ба ёди рӯи гулгуни ту хун гардидааст,
Меравад охир зи дастат додгӯён зиндагӣ.
Акрам аз мӯи миёнаш нуқтае гар во кунад,
Во намуд аз нозукиҳои раги ҷон зиндагӣ.