Jump to content

Акридин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Акридин — дибензпиридин, пайвасти гетеросиклӣ, C13H9N, аз се ҳалқаи шашузвае, ки бо ҳам конденсатсия шудаанд, иборат аст. Акридин ба миқдори хеле кам дар таркиби зифти ангиштсанг (равғани сабз) дучор мешавад. Акридин кристаллҳои беранг ҳосил менамояд; ҳарор. гуд. 111°С. Дар маҳлул ранги кабудча, ки хоси бисёр пайвастҳои акридинӣ аст, пайдо мекунад. Бо кислотаҳои қавии минералӣ намакҳои зардтоби шӯшабаста ба вуҷуд меоварад. Акридинро бо роҳи синтез ҳангоми бо кислотаи мӯрча дар иштироки хлориди руҳ гарм кардани дифениламин ҳосил мекунанд. Баъзе ҳосилаҳои акридин хосияти бактерисидӣ дошта, чун дору дар тиб истифода мешаванд, масалан, ревинол (этакридин) ва акрихин (атебрин). Бархе аз ҳосилаҳои онро дар химияи таҳлилӣ чун индикатор ба кор мебаранд. Акридин асоси як қатор рангҳост, чунончи, рангҳои норанҷии акридинӣ, зарди акридинӣ, бензофлавин, хризамилин ва ғайра.