Акромегалия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Акромегалия
ИхтисосEndocrinology Edit this on Wikidata
Акромегалия
МКБ-10 E22.022.0
МКБ-9 253.0253.0
OMIM 102200
DiseasesDB 114
MedlinePlus 000321
eMedicine med/27  Шаблон:EMedicine2
MeSH D000172

Акромега́лия (аз юн. ἄκρος — дасту по ва юн. μέγας — бузург) — беморие, ки сабабаш ихроҷи барзиёди гормони сабзиш аст.

Сабабҳои акромегалия пурра омӯхта нашудаанд. Акромегалия дар аксари беморон бо омоси гипофиз алоқаманд аст. Баъзан захми cap, зарбаи рӯҳӣ ва сирояти музмин боиси акромегалия мегардад. Акромегалия дар натиҷаи ҳомилагии иллатнок ё баъди таваллуд низ инкишоф меёбад. Ҳангоми акромегалия номутаносиб сабзидани устухонҳои скелет, бофтаҳои нарм, узвҳои дарунӣ ва баъзе ихтилолоти мубодилавӣ зуҳур мекунанд. Одатан, акромегалия пас аз анҷоми рушди организм ба вуҷуд омада, тадриҷан инкишоф меёбад ва солиёни дароз тӯл мекашад. Акромегалия дар кӯдакон метавонад боиси азимҷуссагӣ шавад. Ба акромегалия асосан занҳои 18 – 35-сола гирифтор мешаванд. Беморӣ тадриҷан оғоз меёбад: беҳолии тамоми бадан, дарди даст ва ихтилоли ҳассосияти он, рушди номутаносиб ва тағйири шакли рӯй ба сабаби калон шудани бинӣ, ҷоғи поён, камони фавқи абрӯ ва рухсора. Лабҳо ғафс ва панҷаи дасту пой аз ҳад зиёд паҳн мешавад, забон дар даҳон бо душворӣ ҷой мегирад. Беморон аз дарди cap, хастагӣ, заъфи босира ва ғадудҳои ҷинсӣ шикоят мекунанд. Онҳо бояд доиман таҳти назорати духтури чашм, невропатолог ва эндокринолог бошанд. Усулҳои ҳозираи муолиҷа (шуоъшифоӣ, муолиҷа бо адвиёт ва ғайра) имкон медиҳанд, ки тарашшӯҳи барзиёди гормони сабзиш бартараф ва ҳолати бемор сабук карда шавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Марова Е. И., Нейроэндокринология, М., 1999;
  • Гайдар Б. В., Гофман В Р.,
  • Опухоли хиазмальноселлярной области, дар кит.
  • Практическая нейрохирургия, М., 2002.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]