Аксарияти парлумонӣ
Зоҳир
Аксарияти парлумонӣ - шумораи аъзои палатаи парлумон, ки дар як ё якчанд фраксияҳои ҳизбӣ муттаҳид шудаанд ва дар кишварҳои парлумонӣ ин ба онҳо ҳуқуқи ташкили ҳукуматро медиҳад. Аксарияги парлумонӣ дар муайян кардани самтҳои асосии сиёсати Ҳукумат нақши калон дорад. Аксарияти парлумонии ташаккулёфта ба воситаи интизоми ҳизбӣ нигоҳ дошта мешавад. Аксарияти парлумонӣ дар он сурат; том шуда метавонад, ки агар ҳизб, созмон зиёда аз 50 фоиз мандати вакилонро соҳиб бошад, дар он сурат нисбӣ шуда метавонад, ки агар ҳизбу созмон аз нисф кам мандат дошта бошад ҳам, вале он аз дигар ҳизбу созмон дар алоҳидагӣ зиёд бошад[1].
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 33