Аксент

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Аксент (лотинӣ accentus — зада) — дар забоншиносӣ ба се маъно корбаст мешавад:

  • ба маънои зада бо воситаҳои гуногуни савтӣ (фонетикӣ), масалан, баланд кардани оҳанги талаффуз, фарқ кунондани ҳиҷое дар калима ва ё таркибҳо;
  • талаффузи ғайримуқаррарӣ, лаҳни гуфтор, ки дар гуфтори бегоназабонҳо мушоҳида карда мешавад. Ҳангоми ба забони ғайр сухан рондан вобаста ба бунёди артикулятсионӣ задаи калима нодуруст гузошта ва талаффуз мешавад. Дар ин маврид шахси ба забони дигар суханкунанда овозҳоеро, ки талаффузашон барояш душвор аст, ба забони модарии худ мувофиқ, наздик менамояд ва сухан мекунад. Азбаски унсурҳои ташкилдиҳандаи зада дар забонҳои гуногун фарқ доранд, нутқи ӯ ба гӯш ғайритабиӣ мерасад;
  • аломати диакритикии фавқонӣ, ки дар болои ҳарфи садодори калима барои нишон додани талаффузи дурусти он гузошта мешавад: пахта, зардолу, китоб, хома ва ғайра.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]