Jump to content

Аксепт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аксе́пт (лот. acceptus — қабулшуда) — дар ҳуқуқи шаҳрвандӣ мувофиқат барои тартиби маъмули ақди қарордод мутобиқи пешниҳоди (офертавӣ – пешниҳоди ақди қарордод. Нигар низ Оферта) тарафи дигар. Яке аз марҳалаҳои бастани шартнома ё қарордод. Ризоият оид ба қабул кардани пешниҳодҳои тарафи дигар дар мавриди бастани шартнома. Ин розигӣ мумкин аст бевосита ҳангоми аҳду паймон ба тарзи хаттӣ, ё ба тавассути барқия, факс, почтаи электронӣ ва ё шифоҳӣ ифода ёбад. Ҳамчунин сукут низ дар ин маврид аломати ризоият маҳсуб мешавад. Аксепт набояд қисман, нопурра ё бо қайду шарҳ тавзеҳ ифода ёбад. Ҳар навъи пешниҳод дар шакли илова, тавзеҳот ё тағйир қобили қабул нест.

  • Аксепт, уҳдадорӣ ва ризоияти пардохт тибқи вексел аз рӯи муҳлати дар ҳуҷҷатҳои пардохтӣ нишондодашуда.
  • Аксепт, яке аз шаклҳои пардохти ғайринақдӣ ба тавассути муассисаҳои қарздиҳанда.