Акси оинавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Акси оинавӣ — дар физика табдили фазо нисбат ба ҳамвории α аст, ки ба нуқтаи Р-и ҳамвории α нуқтаи Р-и тарафи дигари α мувофиқ меояд, яъне ҳамвории α ба порчаи РР´ амудӣ шуда, аз миёнаи он мегузарад. Акси оинавӣ нуқтаҳои ҳамвории α-ро беҳаракат мегардонад (расми 1). Акси оинавии рӯшноӣ бо робитаи муайяни шуои афтанда ва инъикосшуда фарқ мекунад: 1) шуои инъикосшуда дар ҳамворие, ки аз он шуои афтанда мегузарад, ҷойгир буда, ба сатҳи инъикоскунанда амудӣ аст; 2) кунҷи инъикос ба кунҷи афтиши шуоъ баробар мебошад. Интенсивияти рӯшноии инъикосшуда (ки бо коэф. инъикос тавсиф дода мешавад) ба кунҷ ва қутбиши дастаи шуои афтанда, инчунин таносуби нишондиҳандаҳои шикасти муҳити 1-ум ва 2-юм (n1 ва n2) вобаста аст. Ин вобастагиро аз ҷиҳати миқдор (барои муҳити инъикоскунанда – диэлектрик) формулаҳои Френел ифода мекунанд. Аз ин формулаҳо бармеояд, ки ҳангоми ба таври амудӣ ба ҳамворӣ афтидани рушноӣ коэф. инъикос ба қутбнокшавии дастаи шуои афтанда вобаста набуда, ба (n2 – n1)2 / (n2 + n1)2 баробар аст. Акси оинавӣ ё симметрияи оинавӣ дар геометрия ҳаракати фазои евклидӣ мебошад, ки маҷмӯи нуқтаҳои беҳаракаташ гиперҳамвориро ташкил медиҳанд (дар ҳолати фазои сечена – ҳамвории одӣ). Нигар (Симметрия).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]