Аксон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Мушаки 9-рӯзаи Аксон

Аксон (юн.-қад. ἄξων «меҳвар») — нейрит, шохаи ҳуҷайраи асаб, ки ба воситаи он импулсҳои асаб аз ҳуҷайра ба узвҳо ва дигар ҳуҷайраҳои асаб паҳн мешаванд. Аз ҳар ҳуҷайраи асаб (нейрон) фақат як Аксон мебарояд. Ғизогирӣ ва нумӯи Аксон аз ҷисми нейрон вобаста аст: ҳангоми буридани Аксон қисми канораи он нобуд гашта, қисми марказиаш фаъол боқӣ мемонад. Дар мавриди якчанд мкм будани диаметри Аксон дарозии он дар ҳайвоноти калон (масалан, Аксоне, ки аз нейронҳои ҳароммағз ба по меравад) ба зиёда аз 1 м мерасад. Дар баъзе ҷонварон (масалан, моҳӣ) Аксон хеле калон (ғафсиаш садҳо мкм) мешавад. Дар протоплазмаи Аксон (аксоплазма) торҳои тунук — нейрофибрилҳо, инчунин митохондрия ва тӯри эндоплазмавӣ мавҷуданд. Сохтори ҷилд ва диаметри Аксон, ки торҳои асабро ташкил медиҳанд, суръати ба воситаи асаб гузарондани ангезишро муайян месозанд. Интиҳои Аксон (терминалҳо) шоха ронда, ба асабҳои дигар (масалан, асаби мушакҳо) алоқа менамояд. Ба воситаи чунин алоқа (синапсҳо) ангезиш интиқол меёбад. Маҷмӯи Аксонҳоро асаб меноманд.


Эзоҳ[вироиш]


Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.