Акс (санъати бадеъӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Акс (ар. عکس‎ — чаппа, мухолиф, зид, вожгуна, баръакс) — дар илми бадеъ номи яке аз санъатҳои лафзист.

Хусусиятҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Яке аз хусусиятҳои акс дар он зоҳир мегардад, ки калимаҳои ду мисраи шеър чаппа ё баръакс гузошта шавад, мазмун тағйир намеёбад:

Равзаи ризвони ман — хоки сари кӯи дӯст,
Хоки сари кӯи дӯст — равзаи ризвони ман.

Ҳофиз

Намудҳои акс[вироиш | вироиши манбаъ]

Акс ду навъ аст:

  • Акси мураттаб (ботартиб), агар шоир калимаҳои байтро аз рӯи тартиби муайян ё нисфи калимаҳои мисраъро чаппа гузорад, мисраи пурра ба вуҷуд меояд, яъне Акс дар дохили як мисраъ ба вуҷуд меояд:
Бӯса надиҳад моро, моро надиҳад бӯса,
Ғамгин дили мо дорад, дорад дили мо ғамгин.
(Унсурӣ)

Инчунин, шоир рукнҳои мисраи аввали байтро иваз карда, аз онҳо мисраи дуюм месозад:

Шаби танҳоӣ дили ман хун шуд,
Дили ман хун шуд шаби танҳоӣ.
(Айнӣ)
  • Акси мушавваш (ошуфта, парешон) чунон аст, ки баъзе калимаҳои мисраъро баръакс гузоред, ё даст нарасонед, мазмун тағйир намеёбад:
Он кас, ки туро харид, ё Раб, чӣ фурӯхт?
В-он кас ки туро фурӯхт, ё Раб, чӣ харид?

Баъзе муҳаққиқони каломи манзум санъати аксро тард (дур кардан, рондан) низ гуфтаанд, чунонки шоир мисраеро мутаррад (танҳо) ::овараду мисраи дуюмро акси он қарор диҳад:

Мадади Ҳаёт бодо, қадаҳе, ки нӯш кардӣ,
Қадаҳе, ки нӯш кардӣ, мадади Ҳаёт бодо.

Яке аз намунаҳои беҳтарини санъати Акс ғазали Ҳофиз аст, ки бо байти

Дилбари ҷонони ман бурд дилу ҷони ман,
Бурд дилу ҷони ман дилбари ҷонони ман

оғоз ёфтааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Тоиров У. ва диг., Каломи манзум, Д., 2005.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]