Jump to content

Акт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Акт — (аз лотинӣ actus – амал, ҳаракат, actum – ҳуҷчат, санад), 1) рафтору кирдор, амал. 2) Ҳуҷчат, санади расмӣ, протокол.

Акти ҳуқуқӣ – асноди гуногун, ки ба асоси муайянкардаи қонун тартиб дода шуда дорои натиҷаҳои ҳуқуқӣ мебошанд. Ба Актҳои ҳуқуқӣ Акти маъмурӣ (аз тарафи мақомоти идораҳои давлатӣ дар ҳолати мушаххас қабул карда мешавад ва меъёри ҳуқуқиро ташкил намедиҳад, вале ин ё он муносибатҳои ҳуқуқиро ба миён меоварад, тағйир медиҳад ё қатъ менамояд), Акти дипломатӣ (матни хаттӣ, ки аз тарафи мақомоти муносибатҳои хориҷии як давлат ба ҳамин навъ мақомоти давлати дигар ирсол ё тақдим (супурда) мешавад, аз қабили нота, меморандум) ва Акти таърихӣ (яке аз муҳимтарин навъи маъхазҳои таърихии ҳуҷҷатгузорӣ, ки ба омӯзиши онҳо илми дипломатикаи таърихӣ машғул аст) дохил мешаванд.