Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Актиний, 89Ac|
| Талаффуз | (ak-TIN-ee-əm) |
|---|
| Номи дигар | actinium |
|---|
| Рақами массавӣ | [227] |
|---|
|
|
|
| Рақами атомӣ (Z) | 89 |
|---|
| Гурӯҳ | гурӯҳи 3 |
|---|
| Давр | даври 7 |
|---|
| Блок | d-блок |
|---|
| Категорияи элемент | Актинид, sometimes considered a метали гузаранда |
|---|
| Конфигуратсияи электрон | [Rn] 6d1 7s2 |
|---|
| Электронҳо аз рӯӣ ҷилд | 2, 8, 18, 32, 18, 9, 2 |
|---|
|
| Фаза дар ҲФМ | сахт |
|---|
| Нуқтаи гудозиш | 1500 K (1227 °C, 2240 °F) (estimated)[1] |
|---|
| Ҳарорати ҷӯшиш | 3500±300 K (3200±300 °C, 5800±500 °F) (extrapolated)[1] |
|---|
| Зичӣ (наздик ба ҳ.х.) | 10 гр/см3 |
|---|
| Ҳарорати гудозиши хос | 14 кҶ/мол |
|---|
| Ҳарорати буғшавии хос | 400 кҶ/мол |
|---|
| Гармигунҷоиши молярӣ | 27.2 Ҷ/(мол·К) |
|---|
|
| Дараҷаҳои оксидшавӣ | +2, +3 (a strongly basic oxide) |
|---|
| Электроманфиият | Ҷадвали Полинг: 1.1 |
|---|
| Қувваҳои иондоршавӣ | - 1-ум: 499 кҶ/мол
- 2-юм: 1170 кҶ/мол
- 3-юм: 1900 кҶ/мол
- (бештар)
|
|---|
| Радиуси ковалентӣ | 215 пм |
|---|
Color lines in a spectral rangeХатҳои спектрии Актиний |
|
| Сохтори булӯрӣ | face-centered cubic (fcc) |
|---|
| Гармигузаронандагӣ | 12 W/(m·K) |
|---|
| Рақами CAS | 7440-34-8 |
|---|
|
| Кашф ва ҷудогузории аввалин | Friedrich Oskar Giesel (1902)Хатои ибора: Аломати нуқтагузории шинохтанашуда "ё" |
|---|
| Номгузорӣ аз тарафи | André-Louis Debierne (1899) |
|---|
|
|
|
| | пайвандҳо |
Актиний (лотинӣ Actinium) Ac — элементи химиявии радиоактиви гурӯҳи III ҷадвали даврии Менделеев, рақами ат. 89. Изотопҳои собит надорад. Соли 1899 олими франсавӣ актиний Деборн ҳангоми тадқиқи партовҳои коркарди маъдани уран кашф кардааст. 10 изомери радиоактиви актиний (массаи атомиашон аз 221 то 230) маълуманд. Изомери нисбатан собиташ 227Ac (даври нимкоҳишаш T1/2 = 21,8 сол); β-нур (98,8%) ва α-нур (1,2%) мебарорад. Изотопҳои 227Ac ва 228Ac чун ҷузъи элементҳои радиоактив дар табиат дар маъданҳои уран ва торий дучор мешаванд. Актиний дар қишри замин хеле кам (6 • 10-10 фоизи массаи он) аст. Актиний металли сафеди нуқратоб аст; ҳарорати гуд. 1050 ± 50°С. Аз сабаби радиоактивияти баланд доштан дар торикӣ суст шуоъ мебарорад. Дар ҳавои нам бо пардаи сафеди оксид пӯшида мешавад. Актиний дар пайвастҳояш 3-валента аст. Қариб ҳамаи намакҳои актиний сафед буда, дар маҳлул беранганд. Актиний ҳамаи пайвастҳои La (гидрооксид, фосфат, оксалат, карбонат, фторсиликат ва ғайра)-ро ҳосил мекунад. Гидрооксиди Ас (ОН)3 нисбат ба гидрооксиди La хосияти асосии бештар зоҳир менамояд. Хосияти химиявии актиний ва лантан бо ҳамдигар наздиканд, бинобар ин аз манбаъҳои табиӣ дар шакли тоза ҷудо кардани актиний хеле душвор аст. Актиний (227Ас) бо миқдори хеле кам бо роҳи сунъӣ дар натиҷаи бо нейтронҳо нурборон кардани 226Ra ҳосил карда мешавад. Омехтаи 227Ac бо бериллий барои ҳосил кардани манбаъҳои нейтронӣ истифода мегардад.
- ↑ 1.0 1.1 Хатои ёдкард: Барчасби
<ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи Kirby ворид нашудааст