Jump to content

Актинометр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Актинометри Виолл

Актинометр (аз юн. ακτίς актино- — нур ва μέτρον — андоза) — асбобест, барои чен кардани интенсивнокии радиатсияи мустақими Офтоб. Тарзи кори актинометр бар он асос ёфтааст, ки сатҳи сиёҳ кардашудаи муайян радиатсияи Офтобро фурӯ бурда, энергияи онро ба гармӣ табдил медиҳад. Масалан, қисми кории актинометри В. И. Михелсон (физики рус, 1905) аз лавҳаи биметаллии оҳану инвар, ки бо дуд сиёҳ карда шудааст, иборат мебошад. Ҳангоми гармшавӣ оҳан дароз мешавад, вале инвар аз гармӣ тағйир намеёбад (коэф. аз гармӣ васеъшавии оҳан назар ба коэф. аз гармӣ васеъшавии инвар калон аст), дар натиҷа лавҳача то андозае каҷ мешавад. Андозаи каҷшавӣ бузургии интенсивнокии радиатсияи Офтобро нишон медиҳад. Пиргелиометр (асбоб барои чен кардани радиатсияи мустақими Офтоб) назар ба актинометр асбоби нисбатан дақиқкор мебошад.