Акушерии ветеринарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Акушерии ветеринарӣ — як соҳаи ветеринария, ки раванди физиологии организми ҳайвонот ва ихтилоли онро ҳангоми муносибати ҷинсӣ, ҳомилагӣ, зоидан, дар давраи баъди зоидан, ҳамчунин касалиҳои ҷавонаҳоро меомӯзад. Акушерии ветеринарӣ роҳҳои бордоркунии сунъии ҳайвонотро дарёфт намуда, тарзи ёриро ҳангоми зоимон ва масъалаҳои ташкили таҷдиди чорво тадқиқ мекунад. Омӯзиши назария ва амалияи бордоркунии сунъии чорво имкон медиҳад, ки наринаҳои наслафзо барои беҳтар сохтани сифати зот ва маҳсулнокии ҳайвонот дуруст истифода гарданд. Усулҳои нисбатан одии зоёндани чорво ҳанӯз ба одамони замонҳои қадим маълум буд. Дар ҷамъияти ибтидоӣ ба ҳайвонот асосан чорводорон ёрии акушерӣ мерасонданд. Дар давраи ғуломдорӣ ин кор шуғли азоимхонон буд. Дар замони феодализм бо пайдо шудани артиши савора зарурати тарбияи мутахассисони байторӣ пеш омад. Вале фаъолияти онҳо фақат бо ёрӣ расондан ҳангоми зоидани аспон маҳдуд мешуд. Баробари инкишофи ҷамъияти капиталистӣ акушерии ветеринарӣ ба илми мустақил табдил ёфт. Акушерии ветеринарӣ дар алоқамандӣ бо анатомияи чорво, гистология, эмбриология, биохимия, микробиология, физиология, ҷарроҳия ва ғайра инкишоф меёбад. Олимон таснифоти бенаслии ҳайвонот, бачапартоӣ, усулҳои гуногуни ташхиси бордорӣ, тарзи муолиҷаи касалиҳои роҳи зоиш ва аъзои ҷинсиро пешниҳод намуданд. Акушерии ветеринарӣ ба масъалаҳои пешгирии касалиҳои акушерӣ-гинекологии чорво диққати калон медиҳад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]