Jump to content

Аладар Геревич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аладар Геревич
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Кишвар
Тахассус шамшербозӣ[d]
Зодрӯз 16 март 1910(1910-03-16)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 14 май 1991(1991-05-14) (81 сол)
Маҳалли даргузашт
Қад 177 сантиметр
Вазн 78 кг
 Парвандаҳо дар Викианбор

Алада́р Гере́вич (маҷорӣ: Gerevich Aladár; 16 март 1910, Ясберен, Утриш-Маҷористон, — 14 майи 1991, Будапешт, Маҷористон) — шамшербоз ва мураббии маҷористонӣ. Қаҳрамони олимпӣ (1932–60 дар мусобиқаҳои дастаӣ, 1948 – дар мусобиқаи инфиродӣ), дорандаи медалҳои нуқра (1952) ва биринҷии (1936, 1952) Бозиҳои олимпӣ. Чемпиони ҷаҳон (1937, 1951, 1953 – 1955, 1957, 1958, – дар мусобиқаҳои дастаӣ ва 1951, 1955 – дар мусобиқаҳои инфиродӣ) ва Аврупо (1931, 1933–35).

Дар иттиҳодияи варзишии «Вереш метеор» (Будапешт) ҳунарнамоӣ кардааст. Бо номи ӯву ёронаш Пал Ковач ва Рудолф Карпати, ки ҳамроҳ 19 медали тилои олимпӣ ба даст овардаанд, мусобиқаи шамшербозони Маҷористон номгузорӣ шудааст.