Jump to content

Алатови Ҷунгар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Алатови Ҷунгар — силсилаи кӯҳҳое, ки асосан дар ҷанубӣ шарқии Қазоқистон ва қисман Хитой, байни дарёҳои Олакӯл ва Илӣ воқеъ гардидааст. Дарозиаш 450 км, бараш 50 – 190 км. Алатови Ҷунгар аз якчанд қаторкӯҳҳои мутавозӣ (Қаратов, Башкантов, Тоқсанбай, Бежинтов ва дигар) иборат мебошад. Баландиаш асосан 1500 – 3000 м. Қуллаи баландтаринаш 4464 м (қ. Бесбаскан). Дар қисми марказиаш пиряхҳо дорад (масоҳ. 1120 км2). Ба релйефи Алатови Ҷунгар кӯҳҳои сатҳашон ҳамвор хосанд. Қисми шимолии Алатови Ҷунгар аз регсанг, алевролит, варақасангҳо; ҷанубиаш аз ҷинсҳои вулқонӣ ва марказиаш аз ҷинсҳои кристаллӣ таркиб ёфтаанд. Дар Алатови Ҷунгар конҳои маъдани полиметалл, мис, металлҳои нодир мавҷуданд.