Алафдаравак
Алафдаравак — олати кишоварзӣ.
Алафдаравак ядакӣ, овеза ва нимовеза мешавад. Вобаста ба асбоби буранда алафдаравакҳои як, ду, се ва панҷбрусаро фарқ мекунанд. Асбобҳои буранда ба пеш, паҳлу ё ақиби трактор васл карда мешаванд ва ба воситаи наварди гирифти иқтидори трактор ба кор медароянд. Барои даравидани алафи боғот алафдаравакҳои овезаи фронталии КНФ – 1,6 ва алафдаравакҳои ротатсионии КРВ – 1,6-ро истифода мекунанд. Алафдараваки КНФ – 1,6 дорои бруси ангуштадор аст, ки дар охири он барои танзими баландии буриши алаф болиштакҳо ва дар онҳо тахтаҳои теладиҳанда гузошта шудаанд. Тракторе, ки ба он алафдараваки КНФ – 1,6 пайваст карда шудааст, дар байни қаторҳои дарахтон қафо ҳаракат мекунад; асбоби буранда дар рӯи замин бо болиштакҳо лағжида алафро медаравад ва тахтаҳо онро ба чапу рост тела медиҳанд. Алафдараваки КРВ – 1,6 аз рама, чархҳо, асбобҳои бурандаи роторӣ ва тавора иборат аст. Ҳангоми кори алафдаравак роторҳо давр зада, алафро мебуранд. Баландии дарав ба воситаи чархҳо танзим карда мешавад.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
||
Прицепная косилка на конной тяге, привод косилки от колёс | Навесная реечная косилка прицепленная на трактор Т-40, привод косилки от вала отбора мощности | Навесная роторная косилка | Навесная газонокосилка | Навесной садовый кусторез, привод косилки от гидросистемы | Прицепные тракторные косилки, привод косилок от валов отбора мощности (заднего и бокового/переднего) |
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Алафдаравак // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.