Алафкорӣ
Алафкорӣ — кишти алафҳои як ё бисёрсолаи хӯроки чорво дар дашту ҳомун.
Баъзан алафкорӣ фақат киштгардони зироати бисёрсолаи хӯроки чорворо ифода мекунад. Мақсади асосии алафкорӣ ба даст овардани алафи тару тоза ва тайёр кардани хӯроки чорво мебошад. Алафҳои яксоларо ба чорво, одатан, тару тоза даравида медиҳанд. Аз алафҳои бисёрсола хасбеда, тарбеда, силос, орди алаф ва ғайра тайёр мекунанд. Алафҳои яксола ва бисёрсола хӯроки нисбатан арзон ва хушсифати чорвоанд. Кишти алафҳои бисёрсолаи лӯбиёӣ ё кишти омехтаи онҳо бо алафҳои бисёрсолаи хӯшадор хокро ҳосилхез мегардонад. Алафкорӣ таркиб, қобилияти обгузаронӣ, наминигоҳдорӣ ва аэратсияи хокро беҳтар карда, ба камшавии алафҳои бегонаи киштзор, зараррасону касалиҳои зироат мусоидат менамояд. Он дар киштгардони зироат низ аҳамияти калон дорад. Зироати ғалладона, техникӣ ва ғайра дар алафпая ҳосили хуб медиҳад. Одатан, алафҳои бисёрсола (юнучқа, эспарсет, себарга, хардума, ҷавак, сулӣ ва ғайра) ва яксола (мунҷ, тирмис, алафи судонӣ, моғар, райграс, ҷавдор, ҷави русӣ ва ғайра)-ро кишт мекунанд. Бо мақсади мувозанати қанду протеини таркиби юнучқа онро баъд аз ҷуворимакка, алафи судонӣ ва ҷуворӣ коштан лозим аст. Кишти омехтаи алафҳои бисёрсолаи лӯбиёӣ ва хӯшадор махсусан дар чарогоҳҳои киштаи обӣ самарбахш аст. Аз алафҳои яксола кишти омехтаи мунҷу ҷави русӣ, мунҷу ҷавдор, нахӯду ҷав ҳосили хуб медиҳад. Алафкорӣ дар ҳар минтақаи ҷумҳурӣ вобаста ба шароити обу ҳаво ва таъйиноти хоҷагӣ фарқ мекунад. Дар адиру доманакӯҳҳо (650 – 1100 м аз сатҳи баҳр) асосан кишти юнучқа (барои тухмӣ ва хӯроки чорво) мувофиқ мебошад. Алафзори ин минтақаро даравидан ё ҳамчун чарогоҳи баҳорию тирамоҳӣ истифода бурдан мумкин аст. Дар заминҳои лалмии минтақаи пасткӯҳи ҷумҳурӣ (1100 – 1800 м аз сатҳи баҳр) барои тайёр кардани алафи тару тоза, тарбеда ва хасбеда кишти юнучқа ё кишти омехтаи зироати яксолаи хӯроки чорво (мунҷу ҷави русӣ, мунҷу ҷавдор, нахӯду ҷав) тавсия мешавад. Дар киштзор ва заминҳои бекорхобидаи минтақаи миёнакӯҳ (1800 – 2800 м аз сатҳи баҳр) ва Помири Ғарбӣ (то 3500 м аз сатҳи баҳр) кишти юнучқа, эспарсет ва кишти омехтаи онҳо бо рустаниҳои хӯшадор (хардума, гандумак, сулӣ) тавсия шудааст. Алафро дар боғот низ кишт мекунанд. Онро қатордармиён ё саросар коридан мумкин. Ҳангоми Алафкории қатордармиён нишебии маҳалро ба назар гирифта, тухми алафро дар байни ҳар қатор ё баъди чанд қатор мекоранд. Тухмиро дар байни қаторҳо бо усули тасмавӣ (ба васеъгии 1,5 м) кишт кардан лозим. Бо ин мақсад аз тухмипошакҳои СЗН-1,4, СЗГ-3,6, СКП-2, С – ЗС-2 истифода мебаранд. Дар токзори навбунёд баъди шинондани ниҳолҳо алаф мекоранд. Алафи боғотро дар давраи нашв ду маротиба бо алафдаравакҳои КИР-1,5 ё КНФ-1,6 дарав карда, алафашро намеғундоранд. Алафкории яклухт фақат дар боғоти ҳосилдеҳ истифода мегардад. Барои кишт гиёҳҳои хӯшадор (сулӣ, ҷавдорак, марғ, рӯбоҳдум ва ғайра) ва лӯбиёиҳо (юнучқа, себарга, эспарсет, тирмис, кирсина ва ғайра) кор фармуда мешаванд. Ҳангоми дар байни қаторҳои дарахтон кишт кардани юнучқа, эспарсет ва себарга ба алафзор об мондан беҳтар аст. Дар ҳар маврид меъёри нуриро дар боғот 1,5 маротиба зиёд кардан даркор. Мӯҳлати беҳтарини кишти алаф тирамоҳрӯя ё навбаҳорон мебошад. Алафкориро дар сабзкории маҳалҳои аҳолинишин, майдонҳои варзишӣ, аэродромҳо, мустаҳкам намудани банди об, ду тарафи роҳи оҳан, пешгирии эрозияи хок ва ғайра низ истифода мебаранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.