Албитофир
Зоҳир
Албитофир — кёратофир, ҷинси кӯҳии магмавӣ, ки сохти порфирӣ дорад. Асосан аз албит ва миқдори ками кварс, ортоглаз, хлорит иборат аст. Дар таркиби ҷинс ғурӯшаҳои албит хол-хол ҷойгир шудаанд. Албитофир дар натиҷаи метаморфозаи гудозаҳои трахитӣ ва андезитӣ пайдо мешавад. Дар байни ҷинсҳои эффузивии қадими Урал, Кавказ, Осиёи Марказӣ (аз ҷумла дар аксар кӯҳҳои Тоҷикистон) паҳн гаштааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.