Jump to content

Албониёиҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Албониёиҳо (худашон шкиптар, шчиптар мегӯянд, аз шчип — гуфтори фасеҳ) — халқият, аҳолии асосии Албания. Дар ибтидои садаи XXI шумораи Албаниягиҳо дар Албания беш 3250 ҳазор нафар мебошад. Ҳамчунин дар Югославия (асосан дар Косово 1985 ҳазор нафар), Македония (500 ҳазор нафар), Юнон (80 ҳазор нафар), Италия ва ҷазира Ситсилия 130 ҳазор нафар), Туркия (15 ҳазор нафар), Булғория, Руминия, Украина, ШМА (115 ҳазор нафар) зиндагӣ доранд. Ҷамъи Албаниягиҳо беш аз 5 млн нафаранд. Забонашон албаниявӣ (гурӯҳи алоҳидаи оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ). Хаташон лотинист.

Иллирийҳо ва фракийҳо қабилаҳои аҷдодии Албаниягиҳо маҳсуб мешаванд. Ҳукуматдории римиҳо (асри 2 то м. — садаи IV то м.), истеъмори славянҳо (асрҳои 6 — 7), нуфузи Юнон ва муборизаи оштинопазири байни калисоҳои католикию православӣ ба фарҳангу забон ва симои этникии Албаниягиҳо таъсири бориз гузошта буд. Аз ибтидои садаи XI этноними Албаниягиҳо («арберҳо») ҳамаи сокинони Албанияро фаро гирифт.

Давлатдории туркҳои Усмонӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Давлатдории туркҳои Усмонӣ (охири садаи XV — 1912) Албаниягиҳоро ба муҳоҷирати иҷборӣ (ба навоҳии гуногуни империяи Усмонӣ, Италия, Россия) мувоҷеҳ кард, ки ба иҷтимоиёт, хоҷагидорӣ, фарҳанг, маишат ва дигар ҷабҳаҳои зиндагии Албаниягиҳо таъсири манфӣ расонд. Дар асрҳои 17 — 18 дар натиҷаи ҳуқуқпоймолкунии шадид аз тарафи аҳолии мутаассиби масеҳӣ аксари Албаниягиҳо ба Ислом гаравиданд. Минбаъд этноними «арберҳо» тадриҷан ба этноними нав — «шкиптар» табдил ёфт, ки мутобиқи он «фасеҳгуфторон» (яъне Албаниягиҳо) аз истисморгарон (туркҳо) бо гуфтори худ фарқ мекарданд. Аз миёнаҳои садаи XIX равандҳои муттаҳидшавии этникӣ тақвият ёфта худшиносии миллии Албаниягиҳо равнақ гирифт. Охирҳои садаи XIX забони адабӣ дар асоси лаҳҷаи (тоскийӣ) (дар Албания аслан ду шеваи гуфтор аз қадим мавҷуд буд, яке тоскийӣ, ки ба он аҳолии вилояти Тоскэрия дар ҷануб ва дигаре гетӣ, ба он мардуми вилояти Тегэрияи Шимол гуфтугӯ мекунанд) шакл гирифт.

Муборизаи албаниягиҳо ба муқобили туркҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муборизаи миллӣ-озодихоҳонаи албаниягиҳо муқобили истибдоди туркҳо (соли 1912 соҳибистиқлол шуданд) ва баъдҳо алайҳи ишғолгарони италиявию германиявӣ (1939—1944) раванди муттаҳидшавии миллиро суръат бахшид. Хоҷагидории маъмулии Албаниягиҳо аз заминдорӣ (тамоку, гандум, ҷуворимакка, шоликорӣ, парвариши меваҳои ситрусӣ) ва чорводорӣ (бузу гӯсфанд) иборат буда, саноати сабук, корхонаҳои маъданкоркунӣ, нефтистеҳсолкунанда низ мӯътадил амал мекунанд. Оид ба дигар бахшҳои зиндагии Албаниягиҳо нигар Албания.

Брокгаузъ Ф. А. и Ефронъ И. А., Энциклопедический словарь, С.-Пб., 1890; ЭСТ, ҷ. 1, Д., 1978; Советский Энциклопедический словарь, М., 1985; Новая Российская Энциклопедия, т. 2, М., 2005; Страны мира (современный справочник), М., 2008;