Алеатико

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Алеатико — Ува лиатика, Алеатико неро, Москателе ливатике, як навъи ангурҳои техникӣ. Аслан аз Италия буда, нимаи дуюми садаи XIX дар Осиёи Марказӣ паҳн гардидааст. Баргаш миёнаҳаҷм (қутраш 16 – 18 см), байзашакл, сепарра, чоки байни парраҳояш миёна, каме хамидаи рост, рӯяш суфта, бепашмак. Гулаш дуҷинса, хӯшааш миёнаҳаҷм (дарозиаш 10 – 16, бараш 8 – 10 см, вазнаш 130 – 140 г), махрутшакли дарозрӯя. Ғужбаш миёнаҳаҷм, лунда, рангаш сиёҳи бунафштоб, мумпарда дорад. Тухмаш ғафс, гӯшташ серобу ширин, бӯи хос дорад. Алеатико навъи ангури миёнапазак буда, давраи нашваш 140 – 160 рӯз аст; нимаи май гул карда, 15 – 25 сентябр пурра пухта мерасад. Аз алеатико шароб мекашанд, афшура тайёр мекунанд. Алеатикоро дар вилоятҳои Хатлону Суғд парвариш мекунанд. Аз ҳар га 18 – 20 т ҳосил мегиранд. Ҳангоми кам шудани намӣ баргаш тез пажмурда шуда, ба сифати ҳосил таъсири манфӣ мерасонад. Аз касалии ҷел зарар мебинад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]