Jump to content

Александре

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Александре
Таърихи таваллуд: 28 апрел 1898(1898-04-28)
Зодгоҳ: Севилия
Таърихи даргузашт: 14 декабр 1984(1984-12-14) (86 сол)
Маҳалли даргузашт: Севилия
Навъи фаъолият: нависанда
Самт: шоир
Ҷоизаҳо: Мукофоти Нобел (1977)

Александре (Alexandre), Висенте (28 апрели 1898, Севилия14 декабри 1984,Севилия ) — шоири испанӣ.

Маҷмуаҳои авалинаш

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар маҷмӯаҳои аввалинаш таъсири сюрреализм ба назар мерасад. Дар солҳои ҷанги миллӣ-озодихоҳии халқи Испания (1936 – 1939) Александре шеърҳои зидифашистӣ эҷод кардааст.

Ашъори мазмуни фалсафӣ доштааш дар маҷмӯаҳои «Сояи Биҳишт» (1944), «Таваллуди охирин» (1953), «Таърихи дил» (1954) гирд омада, шоир ҳиссиёти умумибашарӣ, табиат, инсонро чун ҷузъи табиат тараннум кардааст. Дар асари ёддоштии «Вохӯриҳо» (1958) Александре симои эҷодии нависандагони ҳамасрашро офаридааст. Дар ҳамдастиву ҳамкорӣ бо намояндагони дигари илму фарҳанги Испания бар зидди террори франкистӣ ва сензура садо баланд кардааст. Александре – дорандаи Мукофоти Нобел (1977).