Александр Абрамов
Александр Абрамов | |
---|---|
Зодрӯз | 28 август (9 сентябр) 1836 |
Таърихи даргузашт | 25 октябр 1886 (50 сол) |
Мансубият | |
Қисм | генерал-лейтенант |
Равобит | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Александр Константинович Абрамов (28 августи 1836 — 21 ноябри 1886) — олим ва генерали рус, иштирокчии фаъоли юришҳо ба Осиёи Миёна.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1858 ба батареяи пиёдагарди Сибир гузашта, аз соли 1860 дар юришҳои Россия ба Туркистон иштирок кардааст. Дар ишғол намудани қалъаи Пишпек (Бишкеки ҳозира) аз сараш захмӣ шуд (4 сентябри 1860) ва то охири умр ба сараш калапӯши чармӣ мепӯшид (расм). Дар ишғоли Авлиёота (майи 1864), Чимкент (21.9.1864), Чиноз (29.04.1865) ва Тошканд (1864–65) иштироки фаъолона дошт. Абрамов дар муҳорибаҳои Эрҷор (8. 5. 1866) ва Хуҷанд (24. 5. 1866) хеле фаъол буд ва бо орденҳову рутбаҳои навбатии ҳарбӣ қадр карда шудааст. Пас аз таъсиси генерал-губернатории Туркистон (1867), Абрамов коменданти қалъаи Ҷиззах таъйин шуд. 1–2 майи 1868 Абрамов дар муҳорибаи баландии Чулпонато иштирок кард, ки он ба ишғоли шаҳри Самарқанд оварда расонд. 12 май ҳамон сол ӯ бо сарбозони худ Ургутро ишғол кард. 2 июни 1868 дар наздикии Зирабулоқ муҳорибаи шадид ва охирини Россия ва Бухоро ба вуқӯъ пайваст, ки дар ғалабаи русҳо ҳиссаи Абрамов зиёд аст. Барои иштироки фаъолона Абрамов рутбаи генерал-майорро сазовор шуд. Ҳукумати подшоҳии Россия аз ҳисоби шаҳрҳои забтшудаи Самарқанд, Каттақӯрғон ва болооби Зарафшон (Кӯҳистон) музофоти Зарафшонро таъсис дода, Абрамовро сарвари он таъйин кард. Абрамов инчунин дар ҷангҳои дохилии аморати Бухоро ширкат кардааст. 1 июни 1868 дар Самарқанд шӯриши зиддирусӣ ба вуқӯъ пайваста, 8 июн бо ваҳшоният пахш карда шуд, ки Абрамов дар он иштироки фаъол дошт. Инчунин Абрамов дар пахш намудани шӯриши писари калони амир Музаффар – Абдумаликтӯра (Каттатӯра) дар Қаршӣ (27 октябри 1870) ҳиссаи калон дорад. Яке аз мақсадҳои Абрамов тобеъ кардани мулкҳои болооби Зарафшон (Кӯҳистон) буд. Баҳри ин мақсад баҳори 1870 бо сарварии Абрамов экспедитсияи илмии Искандаркӯл ташкил карда шуд. Ба ҳайати он 200 нафар казакҳои мусаллаҳ, ротаи пиёдагард ва взводи пулемётчиҳои кӯҳгард шомил буданд. Боз аз ӯротеппа дастаи дигари ҳарбиёни мусаллаҳ дар роҳ ба онҳо пайвастанд. Дар ҳайати он инчунин олимон: табиатшинос А. Ф. Федченко, геолог Д. К. Мишенко, нақшабардор Л. Н. Соболев ва дигарон буданд. Сафар 25 апрели 1870 аз Самарқанд оғоз шуд. Майи 1870 шаҳри Панҷакент ба ихтиёри қӯшунҳои рус гузашт. Вале дар деҳаҳои Артуч, Панҷруд, Даштӣ, Кулолӣ, Фалғар, Мастчоҳ ва ғайра ҷангҳои шадид алайҳи русҳо ба амал омаданд. Июни 1870 экспедитсия амалиёти ҳарбии худро ба охир расонд. Аз ҳисоби мулкҳои ниммустақили болооби Зарафшон «Туманҳои Кӯҳистон» таъсис дода, он ба музофоти Зарафшон ҳамроҳ карда шуд. Марти 1877 Абрамов генерал-губернатори ҳарбии водии Фарғона таъйин шуд. 19 феврали 1879 ба рутбаи генерал-лейтенант сазовор гашта, 4 ноябри 1883 фармондеҳи дивизияи 4-уми пиёдагард, соли 1886 фармондеҳи дивизияи 13-уми пиёдагард таъйин мегардад. Абрамов аз соли 1870 узви ҳақиқии Ҷамъияти географии императории Россия буда, доир ба бекигарии Қаротегин асаре навиштааст. Дар он бори аввал маълумот оид ба Қаротегин: география ва таърихи кишвар, ҳокими он Музаффаршоҳ ва қӯшуни вай, рӯйхати деҳаҳо ва машғулияти аҳолӣ оварда шудаанд. Бо номи Абрамов пиряхи нишебаи ҷанубии қаторкӯҳи Олой номгузорӣ шудааст (нигар Абрамов), ки аз он дарёи Кӯксу – шохоби дарёи Сурхоб (шохоби дарёи Вахш) ибтидо мегирад.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Абрамов бо 9 орден ва яроқи тилоии «Барои ҷасорат» мукофотонида шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Записки о Каратегинском владении, составленная по расспросам. Изв. РГО, т.6, отд. 2, 1870.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абрамов Александр Константинович // Список генералам по старшинству. Исправлено по 1 сентября. — СПб.: Военная типография, 1886. — С. 235.
- Терентьев М. А. История завоевания Средней Азии. Т. 1—3. — СПб., 1903.
- Шишов А. В. Кавалеры ордена Св. Георгия. — М., 2004.
- Военная энциклопедия. Т. I. — СПб.: Типография Т-ва И. Д. Сытина, 1911.