Лашкарсолор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Лашкарсолор
Сардӯшии Нерӯи заминӣ Сардӯшии Нерӯи ҳавоӣ
Кӯтаҳнивишт форсӣ: لشکرسالار
Кишвар  Тоҷикистон
Дараҷаи болотар Сипаҳсолор
Дараҷаи поинтар Гундсолор
Ҳамто

Лашкарсолор (форсӣ: لشکرسالار‎) — дараҷае солорӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз гундсолор ва поинтар аз сипаҳсолор дорад ва баробар бо дарёбон дар нерӯи дарёӣ аст; генерал-лейтенант[1].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи поинтар:
Гундсолор

Лашкарсолор
Дараҷаи болотар:
Сипаҳсолор

Лашкарсолор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми созмонии ҷонишини вазорати дифоъ, умури дохилӣ, амният, сардори ситод ё фармондеҳии лашкарро дорад, ки ягони роҳкунишие хурдтар аз сипоҳ ва бузургтар аз гунд буда ва таҷҳизоту ҷангафзорҳои лозим барои иҷрои амалиёти размӣ дорад[2]; дивизия[3][4].

Вожашиносӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

«Лашкарсолор» аз ду вожа сохта шудааст: лашкар (форсӣ: لشکر‎ < порсии миёна: laškar[5] < порсии бостон: *raxša-kara-посдоранда; поянда’ < эронии бостон: *raxš- + *kara-посдорӣ кардан’)[6] + солор (форсӣ: سالار‎ < порсии миёна: sālār < паҳлавӣ: sarδār < эронии бостон: *sara-dāra-)[6].

Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (лашкар) + исм (солор)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст. «Солор» гунае дигар аз «сардор» аст, ки аз куҳантарин замонҳо ба маънои «раҳбар, пешво, фармондеҳ; генерал» дар номгузории мақому дараҷаҳои низомӣ ба кор меравад[7][8].

Пешина[вироиш | вироиши манбаъ]

Лашкар ҳамчун ягони размӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву бевара (порсии бостон: *baivara-) номида мешуда ва онро беварабад (порсии бостон: *baivarapati-) фармондеҳӣ мекард[9]. Бевара аз 10 ҳазора (порсии бостон: *hazāra-) ташкил мешуд ва 10 000 сарбозро дар бар мегирифт.

Бевара дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод224), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд[10], гунд (паҳлавӣ: gundлашкар; гурӯҳ, даста[11] < эҳтимолан аз эронии бостон: *vr̥nda-сипоҳ; гунд[6]) ном гирифта ва фармондеҳи он гунд-солор (паҳлавӣ: gund-sālār) хонда мешуд[12].

Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651 милодӣ) низ ҳамин радабандӣ ва номгузорӣ ба кор мерафта, вале ҳар гунд аз 5 дирафш (порсии миёна: drafš) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 1 000 сарбозро дар бар мегирифт[13]. Фармондеҳи гунд дар сипоҳи Сосониён низ гундсолор (порсии миёна: gund-sālār) номида мешуд[14].

Аммо аз миёнаҳои садаи V дар канори истилоҳи «гунд» истилоҳи «лашкар» (порсии миёна: laškar) низ ба кор мерафтааст[15]. Истилоҳи «лашкар» (форсӣ: لشکر‎) дар осори адабии форсӣ, бавижа «Шоҳнома», бисёр ба кор рафтааст[8]. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:

Бирав бо сипоҳе ба кирдори кӯҳ,
Гузин кун зи гурдони лашкар гурӯҳ[16].

Дар сипоҳи Сомониён, Ғазнавиён ва Салҷуқиён фармондеҳи лашкарро «солори лашкар» ва «амири лашкар» мегуфтанд[17]. Чунончи, «солори лашкар» дар «Шоҳнома» борҳо ба кор рафта ва аз бофтор чунин бар меояд, ки он мансабе поинтар аз сипаҳсолор буда ва мақоми ҷонишинӣ доштааст, чуноне ки генерал-лейтенант дар артишҳои урупоӣ ҷонишини генерал будааст:

Чунин гуфт солори лашкар ба шоҳ,
Ки «Фармони ту бартар аз чарху моҳ,
Бад-он сон шавам, к-ам ту фармон диҳӣ,
Ту шоҳи ҷаҳондориву ман раҳӣ»[16].

Сипаҳро ба солори лашкар супурд,
Бирафту ҷаҳондидагонро бибурд[16].

Фарҳангистони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии артиш дар соли 1935 «лашкар»-ро ҷойгузини истилоҳоти туркӣ-муғулии «тумон» (форсӣ: تومان‎ < муғ. түмэн) ва фаронсавии «дивизюн» (форсӣ: دیویزیون‎ < фр. division) ва «сарлашкар»-ро ҷойгузини «амири тумон» кард[18], ки ҳамакнун дар Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дараҷае баробар бо генерал-лейтенант аст.

«Лашкар» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ»[7] ва «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ»[8] оварда шудааст.

Бо таваҷуҳ ба ин додаҳо, вожаҳои «лашкар» ва «лашкарсолор», ки дар қиёс бо «гундсолор» аз ибораи «солори лашкар» сохта шудааст, барои ҷойгузин кардани истилоҳи русии «дивизия» (аз лаҳӣ: dywizja < лот. dīvīsiō «бахш») ва дараҷаи низомии «генерал-лейтенант» (аз олмонӣ: Generalleutnant) ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[19].

Нишонаҳои дараҷаи гундсолорӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Нишонаҳо
Артиши Сурх

Артиши Шуравӣ

Артиши Тоҷикистон
Нишонаи
гиребонӣ


Сардӯшӣ
альт= альт=
нишонаи остин
(мундир, кител ва гимнастёрка, шинел)
(1940—1943)
нишонаи гиребонии
нерӯи заминӣ
(1940—1943)
...
нерӯи ҳавоӣ
(1940—1943)
...
саҳроӣ
(1941)
сардӯшии
нерӯи ҳавоӣ
(1943—1955)
… саҳроии
нерӯи заминӣ
(1943—1955)

ҷашнии
нерӯи заминӣ
(1955—1991)
… нерӯи ҳавоӣ
(1955—1991)
… саҳроӣ
(1993—)
… нерӯи заминӣ

(1993—)
… нерӯи ҳавоӣ
(1993—)

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»
  2. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 165. 10 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
  3. Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 238; 394. — 655 с. — 3 500 экз.
  4. Коллектив авторов. Том 3, статья «Дивизия» // Военная энциклопедия / Под ред. Грачёв П. С.. — М.: Воениздат, 1995. — С. 68—76. — 543 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-00748-9.
  5. MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 52. 25 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 Декабри 2012.
  6. 6.0 6.1 6.2 Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-58-3.
  7. 7.0 7.1 Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, с. 259
  8. 8.0 8.1 8.2 Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ.
  9. J. Marquart, Untersuchungen zur Geschichte von Eran I, Göttingen, 1896, p. 19 n. 84
  10. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  11. MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 38. 25 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 Декабри 2012.
  12. Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7. 25 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 сентябри 2021.
  13. Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
  14. Daryaee, Touraj. Sasanian Persia: The Rise and Fall of an Empire. — ISBN 978 1 85043 898 4. — p. 47
  15. Tafazzoli A. Sasanian Society. I. Warriors. II. Scribes. III. Dehqāns. N.Y., 2000. — р. 7
  16. 16.0 16.1 16.2 Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 15
  17. Ноҷӣ, Муҳаммадризо. Фарҳангу тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. — Теҳрон: Амири Кабир, 1386. — С. 252. — 904 с. — ISBN 964-00-1086-3.
  18. Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314 — 1320 ҳ.ш.) // Фаслномаи «Ганҷинаи аснод». Зимистони 1373, №16. — с. 38. 25 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 апрели 2018.
  19. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной