Jump to content

Александр Винтер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Александр Винтер
Таърихи таваллуд 28 сентябр (10 октябр) 1878
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 9 март 1958(1958-03-09)[1] (79 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ energy industry[d]
Алма-матер
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
 Парвандаҳо дар Викианбор

Винтер Александр Василйевич (28.9.1878, шаҳраки Староселс, Лаҳистон — 9.3.1958, Маскав) — олими шӯравӣ дар соҳаи энергетика. Академики АИ ИҶШС (1932).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1899 ба Институти политехникии Киев дохил шуда, барои ширкат дар ошӯбҳои донишҷӯён (соли 1900) аз донишкада хориҷ ва соли 1901 маҳбус шуда, ба Боку таҳти назорати политсия табъид гардид. Дар Боку дар корҳои сохтмони нахустин неругоҳҳои барқии турбинаҳояшон бухорӣ ширкат варзидааст. Баъди хатми Институти политехникии Петербург (1912) ба сифати ёвари сардори сохтмони нахустин дар Русия неругоҳи барқи торфӣ ва сардори он кор кардааст. Баъди Инқилоби Октябр сарвари сохтмони неругоҳи барқии Шатура, солҳои 1927-30 сарвари Днепрострой, аз соли 1930 сардори сохтмон ва заводу комбинатҳои саноатии Днепровск буд. Аз соли 1944 муовини директори Институти энергетикии АИ ИҶШС. В. дар бораи захираҳои энергетикӣ, муаммои неругоҳҳои хурд, такмили сохтори энергетикии ИҶШС, ҷамъбасти таҷрибаҳои истифодаи неругоҳҳои хурд, баланд бардоштани нишондодҳои таҷҳизоти неругоҳҳои бузург, масъалаҳои сохти неругоҳҳои барқи обии Куйбишев ва Волгоград таҳқиқоти илмӣ анҷом додааст. Бо 3 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст.

  1. 1.0 1.1 Винтер Александр Васильевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.