Jump to content

Александр Герман

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Александр Герман
Таърихи таваллуд 20 октябр (1 ноябр) 1874
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 30 ноябр 1953(1953-11-30)[1] (79 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои техникӣ[d] ва list of members of the Academy of Sciences of the USSR[d] (1939)
Алма-матер
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ» Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945»

Алекса́ндр Петро́вич Ге́рман (22 октябри 1874, Вятка, ҳоло Киров — 30 ноябри 1953, Ленинград, ҳоло Санкт-Петербург) — олими соҳаи механикаи кӯҳкорӣ, профессор (1914), доктори илмҳои техникӣ (1935), академики АИ ИҶШС (1939).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултаи физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Петербург (1897) ва Институти кӯҳкории Петербург (1903). Аз соли 1907 муаллими Институти кӯҳкории Петербург. Солҳои 1915-18 мудири кафедра, 1918-45 ёвари директор ва аз соли 1945 ноиби ректор оид ба илми Институти кӯҳкории Петроград (минбаъд Ленинград) буд. Бунёдгузори назарияи механикии кӯҳкорӣ оид ба таҷҳизоти конҳо, мошинаҳои термикии филиззот асарҳои илмӣ интишор кардааст. Соли 1912 бори нахуст шароити мусоиди ақибзании термодинамикии турбинаҳои буғиро ба таври таҳлилӣ муайян намуд. Александр Герман динамикаи дар конҳо ба тариқи автоматӣ бардоштани маъданро бо усули таҳлилӣ ҳаматарафа таҳқиқ кард. Дар сохтани лоиҳаи корхонаҳои бузурги кӯҳкории Донбасс, Урал, Кузбасс, Қарағанда ва Ткварчели ширкат варзидааст.

Бо 2 ордени Ленин, 3 ордени дигар ва медалҳо сарфароз гардидааст.

  1. 1.0 1.1 Герман Александр Петрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  • Анисимова З. И. Александр Петрович Герман. М., 1950;
  • Зодчие Санкт-Петербурга. XX век/Сост. В. Г. Исаченко. СПб., Санкт-Петербург. 2000.