Александр Гершун
Таърихи таваллуд | 17 (29) октябр 1868 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 26 май (8 июн) 1915 (46 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физик[2], нуршиносӣ[2] ва optical instrument[d][2] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Гершун Александр Лвович (17 октябри 1868, Соколка, губернияи Гродно, Лаҳистон — 26 майи 1915, Петербург) — физикдони рус, асосгузори санъати абзорҳои оптикии Русия.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи Петербург (1890). Ҳангоми донишҷӯӣ дар бораи вобастагии ҳарорату зичии об ва маҳлулҳои обӣ асари илмӣ навишта, сазовори медали тило гардидааст. Ассистент ва лаборанти кафедраи физикаи ҳамин донишгоҳ (1890—1902), мудири кафедраи физикаи умумии Мактаби афсарони артиллерӣ дар Кронштадт (1902-08), сардори шуъбаи оптикии заводи пӯлодгудозии Обухов дар Петербург (1908-12), ҳамзамон мудири кафедраи физикаи Институти педагогии занонаи Петербург (аз 1908). Аз соли 1912 роҳбари илмии Ҷамъияти саноати оптикӣ ва механикии Русия буд. Зери роҳбарии ӯ соли 1914 З-ди оптикии Петербург (аз 1962 Иттиҳодияи оптикию механикии Ленинград; ҳоло ҶСК «ЛОМО») сохта шуд ва Александр Гершун директори аввалини он таъйин гардид. Александр Гершун дар таҳияи мақолаҳои луғати донишномавии Брокҳауз ва Ефрон (мас., мақолаи «Физика») иштирок намудааст. Таҳқиқоти илмии Александр Гершун ба оптикаи амалӣ бахшида шудаанд. Ӯ масъалаҳои фотография (суратгирӣ)-и амалӣ ва стереофотографияро омӯхта, талаботи техникии сифату хосиятҳои оптикии фотообъективҳоро таҳия намудааст. Александр Гершун барои флот асбобҳои оптикӣ, аз ҷумла сохти нави масофасанҷ ва нишонгиракҳои оптикиро пешниҳод кардааст. Александр Гершун дар соҳаҳои оптикаи геометрӣ ва физикӣ, электромагнетизм, радиоактивият низ таҳқиқот анҷом додааст. Ӯ дар экспедитсияи Ҷамъияти астрономии Русия, ки барои мушоҳидаи гирифти Офтоб (1896) таъсис дода шуда буд, ба ҳайси физики аксбардор иштирок карда, аксҳо гирифтааст ва дар бораи такмили усулҳои мушоҳидаи фотографии чунин зуҳурот дастурҳо пешниҳод намудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Гершун Александр Львович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Чешская национальная авторитетная база данных
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гершун Александр Лвович / Л. Тӯйчиев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.