Александр Горшков
русӣ: Александр Георгиевич Горшков | |
| |
Иттилоъоти инфиродӣ | |
Ҷинс | мард |
Кишвар | |
Тахассус | искейти намойишӣ[d] |
Зодрӯз | 8 октябр 1946 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 17 ноябр 2022[1][2] (76 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Қад | 173 сантиметр |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Алекса́ндр Гео́ргиевич Горшко́в (8 октябр 1946, Маскав — 17 ноябр 2022[1][2], Маскав) — варзишгар ва мураббии рус (рақси рӯи ях). Устоди хидматнишондодаи варзиши ИҶШС (1970). Мураббии хидматнишондодаи ИҶШС (1992), довари дараҷаи байналмилалӣ.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар таърихи рақси рӯи ях нахустин чемпиони Бозиҳои олимпӣ (1976) шуд. Чемпиони Бозиҳои олимпии зимистонӣ (1976, ҳамроҳ бо Л. Пахомова). Чемпиони ҷаҳон (1970-74, 1976), Аврупо (1970-71, 1973-76) ва ИҶШС (1969-71, 1973-75). Солҳои 1977-22 мураббии давлатӣ оид ба рақси рӯи яхи Кумитаи давлатии варзиши ИҶШС, 1992—2001 роҳбари Кумитаи олимпии Русия, 2001-10 ноиб-президенти Федератсияи минтақавии Маскав оид ба рақси рӯи ях дар конки ва президенти Ҷамъияти фонди хайрияи минтақавии «Санъати варзиш»-и ба номи Л. Пахомова буд. Аз июни 2010 президенти Федератсияи рақси рӯи яхи Русия.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, Дӯстии халқҳо, «Нишони Фахрӣ» ва «Барои хидматҳо дар назди Ватан» сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Скончался президент Федерации фигурного катания на коньках России Александр Горшков (рус.) — Россия: Московский комсомолец, 2022. — ISSN 1562-1987; 1606-531X; 1857-3738
- ↑ 2.0 2.1 Ушел из жизни Александр Георгиевич ГОРШКОВ (рус.) — 2022.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Горшков Александр Георгиевич // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.