Александр Невский

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Александр Невский
Александр Невский
сарлашкар
 
Эътиқод: Orthodox Christianity[d]
Саннаи таваллуд: 13 май 1220
Переславл-Залесский
Марг: 21 ноябр 1263(1263-11-21)
Городес
Маҳалли дафн:
Сулола: Rurik dynasty[d]
Падар: Yaroslav II of Vladimir[d]
Модар: Q30879239?
Ҳамсар: Alexandra Brachyslavna[d][1]
Фарзандон: Dmitry of Pereslavl[d]
Andrey of Gorodets[d]
Daniel of Moscow[d]
Vassili Aleksandrovitch[d]

Александр Невский (5. 1221, Переславл-Залесский21 ноябри 1263, Городетс) — ҳокими Новгород сарлашкар ва ходими давлатии Рус, (1236 – 40, 1241 – 52, 1257 – 1259), князи бузурги Киев (1249 – 1263) ва Владимир (1252 – 1263).

Зиндагинома[вироиш]

Писари дуюми княз Ярослав Всеволодич аз никоҳи дуюм. Соли 1230 падараш Александр Невский ва бародараш Фёдорро ба тахти Новгород шинонд. Якумин юриши Александр Невский (таҳти ливои падараш) ба шаҳри Дерпт соли 1234 воқеъ шуд.

Забткориҳо[вироиш]

Соли 1236 Александр Невский аз зодгоҳаш барои ҳукмронӣ намудан ба Киев (1238 аз он ҷо ба Владимир) рафт ва фаъолияти мустақилонаи ӯ оғоз мешавад. Соли 1240 Александр Невский дар соҳили дарёи Шелони (сарҳади ҷананубӣ ғарбии Новгород) чанд истеҳкоми ҳарбӣ сохт. Ҳамон сол немисҳо ба Псков ва шведҳо ба Новгород бо мақсади ҳуҷум наздик шуданд. 15 июли 1240 Александр Невский бо дастаи начандон калони худ ба сипоҳиёни швед бо сарварии Биргер, ки дар соҳили Ижора, шохоби дарёи Нева қароргоҳ доштанд, шабохун зад. Дар ин муҳорибаи соҳили Нева Александр Невский қаҳрамонӣ ва маҳорати лашкаркашӣ нишон дода, бо қувваи хурди худ ба душмани пурзӯри шуморааш бисёр ғолиб шуд. Барои ҳамин ғалаба ӯ тахалл. «Невский»-ро гирифт. Пас аз ин падараш ба Александр Невский ҳукмронии Переславл-Залесскийро дод. Ритсарҳои ордени Ливон шаҳрҳои Новгород ва Псковро ишғол карданд. Соли 1241 Александр Невский Новгород ва пас аз як сол Псковро озод карда, барои нест кардани душман ба замини он равона шуд. 5 апрели 1242 дар сарҳади ордени Ливон – кӯли Чуд муҳорибаи шадид ба вуқӯъ пайваст, ки дар таърих бо номи «Ҷанги болои ях» машҳур аст. Александр Невский қӯшуни ритсарҳоро иҳота намуда, нобуд кард. Соли 1245 қӯшунҳои князи Литва Миндовг ба Новгород ҳуҷум карданд. Александр Невский душманро дар наздикии кӯли Жизса торумор сохт. Ҷангҳои бомуваффақияти Александр Невский барои ҳимояи заминҳои шимолии Рус ба он оварда расонд, ки немисҳо аз заминҳои ишғолкардаашон даст кашида, қисми Латгалияро ба Новгород бахшиданд. 30 сентябри 1246 ба падари Александр Невский – Ярослав заҳр дода куштанд.

Соли 1247 Александр Невский ба назди Ботухон ба ӯрда рафта, аз он ҷо ҳамроҳи бародараш Андрей ба Муғулистон ба назди Хони Бузург раҳсипор шуданд. Ботухон мехост заминҳои князии Владимирро ба Александр Невский диҳад, лекин падараш ин заминҳоро ба бародараш Андрей васият карда буд. Ба Александр Невский заминҳои князии Киев ва «тамоми Рус»-ро доданд. Соли 1252 қӯшунҳои муғулу тотор ба заминҳои Андрей ҳуҷум карданд. ӯ бо ёрии бародараш Ярослав бар зидди душман бархост, вале шикаст хӯрда ба Шветсия гурехт. Соли 1252 Александр Невский князии Владимирро ба заминҳои худ ҳамроҳ намуда, унвони «князи бузург»-ро соҳиб шуд.

Оромгоҳи Александр Невский[вироиш]

Александр Невский дар калисои Рождественскийи шаҳри Владимир гӯронда шудааст. Дар соли 1742 бо фармони Пётри 1 колбади Александр Невский ба калисои Александр Невскийи Санкт-Петербург оварда шуд. Соли 1547 калисои православии Рус Александр Невскийро ба силки қудсиён даровард. Ба номи Александр Невский кӯча, хиёбон ва майдонҳо, калисоҳои православӣ ва ҳайкал гузошта шудааст. Бахшида ба ҳаёту фаъолияти ӯ филмҳои бадеӣ ба навор гирифта шудаанд. Дар Россияи подшоҳӣ, СССР ва Федератсияи Россия орден бо номи Александр Невский таъсис дода шудааст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]