Jump to content

Алексей Грибов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алексей Грибов
Таърихи таваллуд: 18 (31) январ 1902
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 26 ноябр 1977(1977-11-26)[1] (75 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша, омӯзишгар, омӯзгори театр
Корнома: аз 1924
Ҷоизаҳо:
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
ордени Ленин ордени Ленин ордени Инқилоби Октябр ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Jubilee Medal "In Commemoration of the 100th Anniversary of the Birth of Vladimir Ilyich Lenin" Jubilee Medal "Thirty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945» медали «Ветерани меҳнат» Medal "In Commemoration of the 800th Anniversary of Moscow"
Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС Ҳунарпешаи халқии ҶШФСР Ҳунарпешаи шоистаи РСФСР Мукофоти сталинӣ Мукофоти сталинӣ Мукофоти сталинӣ Мукофоти сталинӣ Stanislavsky State Prize of the RSFSR
IMDb: ID 0340822

Алексе́й Никола́евич Гри́бов (18 [31] январ 1902, Маскав[2]26 ноябр 1977[1], Маскав) — ҳунарпешаи рус, Артисти халқии ИШҶС (1948).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъд аз хатми Мактаби назди студияи севвуми Театри бадеии академии Маскав, аз соли 1924 корманди ҳамин муассиса буд. Як силсила симоҳои миллии русиро офаридааст: Шмага («Гунаҳкорони бегуноҳ»-и А. Н. Островский), Собакевич («Ҷонҳои мурда»-и Н. В. Гогол), Епиходов ва Чебутикин («Боғи олуболу» ва «Се хоҳарон»-и А. П. Чехов), Лука («Дар қаър»), Достигаев («Егор Буличов ва дигарон», «Достигаев ва дигарон», ҳама аз А. М. Горкий), Фома Опискин («Рустои Степанчиково ва сокинони он», аз рӯи асари Ф. М. Достоевский). Г. яке аз дурахшонтарин симоҳои саҳнаи Театри бадеии академии Маскав, устоди ҳунари таҷассумкунонист. Дар санъати ӯ содагӣ ва воқеияти олӣ бо шадидияти шакл тавъам мебошад. Аз соли 1935 дар кино нақш бозидааст (филмҳои «Ҷашн», 1944; «Гунаҳкорони бегуноҳ», 1945; «Мардуми ҷасур», 1950; «Муфаттиш», 1952; «Дӯстони содиқ», 1954); «Сарвари Чукотка», 1967 ва ғ.). Дар нақшҳои лаҳзавӣ бо истифода аз ҷузъиёти равшану ҳаракоти муассири комил тимсолофаринӣ мекард. Устоди Мактаб-студияи Театри бадеии академии Маскав, профессор (1970), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1972). Дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1942, 1946, 1951, 1952).

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Грибов Алексей Николаевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  • А. Н. Грибов. М., 1949;
  • Кульчинек Э. Р. Народный артист СССР А. Н. Грибов. М., 1979;
  • Новая российская энциклопедия. Т. V (1). М., 2008.