Алессандро Волта
Таърихи таваллуд | 18 феврал 1745[1][2][3][…] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 5 март 1827[1][3][4][…] (82 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | корандомшиносӣ |
Ҷойҳои кор | |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Алесса́ндро Ҷузеппе Анто́нио Анаста́сио Ҷеро́ламо Умберто Во́лта (итол. Alessandro Giuseppe Antonio Anastasio Gerolamo Umberto Volta; 18 феврали 1745, Комо — 5 марти 1827, ҳамон ҷо) — физикдон, кимиёдон ва физиологи итолиёӣ, яке аз асосгузорони таълимот дар бораи неруи барқ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар мактаби ордени иеузитҳо таҳсил кардааст. Омӯзгори физикаи гимназия дар Комо (1774-79), профессор физика дар Университети Павия (1777—819) ва директори факултаи фалсафаи ҳамон донишгоҳ. Таҳқиқоти ӯ ба неруи барқ, кимиё ва физиология оиданд. Ихтироъкори нахустин генератори неруи барқ (1800, ба истилоҳ «сутуни Волта») ва дигар асбобҳои барқӣ (электрофор, электрометр, конденсатор ва ғайра). Соли 1776 гази сӯзанда — метанро ошкор кард ва таҳқиқ намуд. Ӯ аввалин манбаи ҷараёни доими (батареяи кимиёӣ)-ро сохт (1800). Фарқи потенсиалҳои тамоси ду филиззи гуногунро кашф намуда, онҳоро аз рӯйи бузургии шиддати бавуҷудоянда ба қатор гузошт. Усулҳои таъсири физиологии неруи барқро ба инсон таҳқиқ кард (1792-95). Воҳиди шиддати неруи барқ — Волт ба ифтихори ӯ номгузорӣ шудааст. Бо ҷоизаи олии Ҷамъияти шоҳии Лондон — Медали Копли (1794) сарфароз гаштааст. Соли 1801 аз Наполеон унвони дарбории граф ва сенаторро гирифтааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ база данных Léonore (фр.) — ministère de la Culture.
- ↑ 3.0 3.1 http://www.dwc.knaw.nl/biografie/pmknaw/?pagetype=authorDetail&aId=PE00003610 (ингл.)
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 5.0 5.1 Вольта Алессандро // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1971. — Т. 5 : Вешин — Газли. — С. 341.
- ↑ 6.0 6.1 https://www.accademiadellescienze.it/accademia/soci/alessandro-volta (итол.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Радовский М. И. Гальвании Вольта. М., Л., 1941;
- MaraldiU. LavitadiAlessandroVolta. Firenze. 1959;
- Dibner В. Alessandro Volta and the etectric battery. N. Y. 1964.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Волта Алессандро // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.