Алиасғари Мусаввир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алиасғари Мусаввир

Алиасғари Мусаввир (соли таваллуд ва вафот номаълум) — мусаввири эронӣ (нимаи дуюми садаи XVI ва ибтидои садаи XVII).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Алиасғари Мусаввир аслан аз Кошон буда, қариб тамоми умр дар Машҳад зистааст. ӯ дар китобхонаи ҳокими Машҳад Мирзо Иброҳим ба ҳунари мусаввирӣ машғул будааст. Искандари Муншӣ дар «Таърихи оламорои Аббосӣ» Алиасғари Мусаввирро дар радифи наққошон ва мусаввирони дарбори шоҳ Таҳмосб ном бурдааст. Алиасғари Мусаввир шогирдони бисёреро ба камол расонидааст. Қозӣ Аҳмад худро аз шогирдони Алиасғари Мусаввир медонад. Мусаввири машҳур Оқо Ризо писари Алиасғари Мусаввир буда, тамоми назокати наққоширо аз падараш омӯхтааст. Қозӣ Аҳмад ӯро дар ҳунари наққошӣ бо Монниву Беҳзод дар як радиф гузоштааст. Мутаассифона, намунае аз осори Алиасғари Мусаввир то ба имрӯз дастрас нашудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Кази Ахмед, Трактат о калиграфах и художниках, М. – Л., 1947;
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1, Д., 1988.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]