Алии Разавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алии Разавӣ
Зодгоҳ: Хуросон
Навъи фаъолият: шоир

Алии Разавӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (асри 16).

Зиндагиома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Хуросон ба дунё омада, ба синни камолот расидаст. Сипас, боқии умрашро дар Исфаҳон гузаронд. Малеҳои Самарқандӣ дар «Музаккир-ул-асҳоб» аз ӯ чун шоири дорои табъи салим, шеърҳои пурмазмуну мавзун, маъниҳои бикру баланд ёдовар шудааст. Дар шеър ба Шавкати Бухороӣ пайравӣ мекардааст. Намунаҳои ашъораш ба воситаи тазкираҳо (масалан дар «Музакир-ул-асҳоб» 16 байт) то замони мо расидаанд. Абёти зерин аз ӯст:

Оҳи ман охир ба васли муддаое мерасад,
Аз сари дил ҳар кӣ мехезад, ба ҷое мерасад.
Дар синаам афрӯхта ҳиҷрони ту доғе,
К-аз гармии он шуъла бувад дуди чароғе.
Наққоши парихонаи тасвири ту нагзошт,
Ранге ба рухе, бӯ ба гуле, май ба аёғе.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Тазкирату-ш-шуарои Малеҳои Самарқандӣ. — Д., 1385 ҳ. ш.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]