Алинақӣ Вазирӣ
Алинақӣ Вазирӣ (форсӣ: وزیری علینقی ) (Теҳрон, 1888 – 1980, ҳамон ҷо) — торнавоз ва оҳангсози эронӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Алинақӣ Вазирӣ аз ҷавонӣ назди тағояш торнавозӣ ва пеши Ёвар Оқохон нотахониро омӯхт. Сипас аз кашиши мадрасаи Сан-Луи назарияи мусиқиро фаро гирифт ва ба машқи пайвастаи торнавозӣ шурӯъ кард. Каме баъд зимни ошноӣ бо ҳунармандон Мирзо Абдуллоҳ ва Оқо Ҳусайнқулӣ шуъбае аз мусиқии эрониро дар навозиши онҳо ба нота даровард. Баъдҳо Мусо Маъруфӣ дар тадвини шуъбаҳои ҷомеи мусиқии эронӣ аз ин навиштаҳо истифода бурд, ки Идораи кулли ҳунарҳои зебо онро чоп кард. Соли 1919 ба Аврупо рафта, се сол дар Мактаби олии мусиқии Порис ва ду сол дар Мактаби олии мусиқии Берлин дар соҳаи сарояндагӣ, пианинонавозӣ ва оҳангсозӣ таҳсил кард. Соли 1924 ба Эрон баргашта, барои тадриси мусиқӣ мактаби хусусӣ таъсис дод. Шеваҳои нави таълими В. боис шуд, ки бисёре ба ӯ мухолифат кунанд. В. илова бар тадрис бо эроди суханронӣ, таъсиси клуби мусиқӣ, баргузории консерт фаъолияти густардаеро барои эҳёи мусиқии эронӣ дар сатҳи илмӣ оғоз кард. Солҳои 1929–35 раиси мадрасаи мусиқии давлатӣ, 1944–47 мудири ҳунаристони олии мусиқӣ буд. Дар ҳамин давра, бо ҳамкории Рӯҳуллоҳ Холиқӣ, оркестри навини радиоро ташкил кард. Аз соли 1937 устоди Донишгоҳи Теҳрон буд. Ҳунармандон Абдулҳасани Сабо, Рӯҳуллоҳ Холиқӣ, Маҳдӣ Баркашлӣ аз шогирдони Вазирӣ мебошанд.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Бархе аз осори Вазирӣ: «Духтари жӯлида» бар ғазали Саъдӣ (барои овоз ва оркестр), сурудҳои «Ватан» (шеъри Абдулазими Қариб), «Марши варзишгарон», «Модар барои кӯдакон», опереттаи «Гулрух». Китобҳои «Дастури тор», «Мусиқии низомӣ», «Дастури виолончел» (скрипка), «Таърихи ҳунарҳои мусаввар», «Зебоишиносӣ» ва «Сурудҳои мадорис» аз таълифоти ӯянд.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Алинақӣ Вазирӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.