Алиризои Табрезӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алиризои Табрезӣ
Зодгоҳ: Табрез
Навъи фаъолият: хаттот

Алиризои Табрезӣ, тахаллусаш «Аббосӣ» (соли таваллуд ва вафот номаълум) — хаттоти форс-тоҷик (нимаи дуюми садаи XVI – аввали садаи XVII).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Табрез таваллуд ёфта, ҳунари хаттотиро низ ҳамон ҷо аз хаттоти номии давраш Алибеки Табрезӣ омӯхтааст. Хатҳои насх, риқоъ, райҳон, муҳаққақ ва тавқеъро ниҳоят зебою хоно менавиштааст. Ҳангоми аз тарафи туркони Усмонӣ тасхир гардидани Табрез ҷилои ватан карда, ба Қазвин меравад. Шоҳ Аббос Алиризои Табрезиро китобдори китобхонаи дарбор таъйин менамояд (тахаллус «Аббосӣ» аз ҳамин ҷост). Баъд чанд муддат дар Исфаҳон низ зистааст.

Алиризои Табрезӣ ҳамчунин дар санъати толот (тарзи навишти хатҳои девор, биноҳо, мақбараҳо, сангҳои қабр) низ беназир буда, дар ин навъи санъат Алоуддини Табрезӣ (Атобеки Табрезӣ)-ро устодаш хондааст. Алиризои Табрезӣ чандин биноҳои шаҳри Исфаҳон (аз ҷумла Масҷиди Шайх Лутфуллоҳ, 1603 – 1604; Масҷиди Шоҳ, 1617) ва Машҳадро (Мақбараи Имом Ризо, 1615; санги қабри Хоҷа Рабеъ, 1617) низ бо хати зебояш оро додааст. Хати настаълиқи Алиризои Табрезӣ ниҳоят зебою хоно буда, услубан ба хати Миралии Ҳиравӣ наздик аст.

Ҳоло чандин китобҳои ба дасти Алиризои Табрезӣ китобатшуда дар Китобхонаи давлатии ба номи Салтиков-Шедрини шаҳри Санкт-Петербург маҳфузанд, ки намунаҳои беҳтаринашон «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозиянд. Алиризои Табрезӣ Қуръонро низ китобат мекард. Қозӣ Аҳмад дар «Гулистони ҳунар» ба санъати Алиризои Табрезӣ баҳои баланд дода, ӯро «Сайрафии сонӣ» номидааст

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]