Jump to content

Алиқулбеки Ҷаббодор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алиқулбеки Ҷаббодор
Зодгоҳ Исфаҳон
Таърихи даргузашт 1779(1779)

Алиқулбеки Ҷаббодор, номи пуррааш Алимуҳаммад Алибекибни Абдулбеки Наққошбошӣибни Алиқулбеки Фарангӣ ? — 1779, Мозандарон) — мусаввир ва минётуранигори эронӣ (нимаи дуввуми садаи XVII ва ибтидои садаи XVIII).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бинобар дар дарбори шоҳ хидмат карданаш, лақаби «Ҷаббодор»-ро гирифтааст. Мувофиқи маълумоти тазкираи «Оташкада»- и Лутфалибеки Исфаҳонӣ Алиқулбеки Ҷаббодор дар Исфаҳон таваллуд ёфта, дар овони ҷавонӣ дар дарбори Сулаймоншоҳ (ҳукмрони 1666—1694) хидмат кардааст. Ҳаёт ва зиндагии Алиқулбеки Ҷаббодор ба замони ҳукмронии шоҳи сафавӣ Таҳмосб (1722—1732) ва Нодиршоҳи Афшор (ҳукмронӣ 1736—1747) рост меояд.

Ба аксари асарҳояш «Ғуломзодаи қадим Алиқули Ҷаббодор» имзо мондааст. Алиқулбеки Ҷаббодор сабки санъати тасвирии асримиёнагии Шарқро идома дода, дар эҷодиёташ аз услуби минётуранигории мамалакатҳои Европа (Италия, Франсия, Нидерландия ва ғайра) истифода бурдааст. Хусусан, нусхаи тасвири «Портрети шоҳзодаи Фаронса»- и Филипп де Шампан (тахминан 1650), «Ду хонум ва маҳрам» (Қазвин, 1974), се мусаввараи Сулаймоншоҳ (Қазвин, 1674), «Авлиё», «Шоҳ ва дарбориён», «Шикоркунии шоҳ», «Савора», «Шоҳин» ва ғайра, ки ба қалами Алиқулбеки Ҷаббодор мутталлиқанд, дар таърихи рушд ва инкишофи ҳунари нигорандагии кишварҳои Шарқ, бахусус Эрон мавқеи хос доранд. Яке аз минётураҳои машҳури Алиқулбеки Ҷаббодор «Чӯпонписар ва чӯпонзанон» дар Намоишгоҳи байналмилалӣ (Нию-Ёрк, 1920) ба намоиш гузошта шудааст. Теъдоди зиёди осори ҳунарии Алиқулбеки Ҷаббодор дар музейҳо ва китобхонаҳои Россия, ИМА, Англия ва Эрон нигаҳдорӣ мешаванд.