Алиҷон Наимов
Алиҷон Набиҷонович Наимов | |
Таърихи таваллуд: | 28 июл 1967 (55 сол) |
Зодгоҳ: | Истаравшан |
Фазои илмӣ: | математика |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ: | профессор |
Алма-матер: | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Алиҷон Набиҷонович Наимов (28.07.1967, ш. Истаравшан) — риёзидон, доктори илмҳои физикаю математика (2000)[1].
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Алиҷон Наимов факултаи механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кардааст (1989). Аспиранти кафедраи муодилаҳои дифференсиалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1989-1992), муаллим (1993-1995), дотсент (1995-2000), профессори кафедраи муодилаҳои дифференсиалии факултаи математикаи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (2000-2002), профессори кафедраи математикаи олии ДДТ-и шаҳри Вологдаи ФР (аз с. 2003). Муаллифи зиёда аз 45 мақолаи илмӣ, илмӣ- методӣ аст.
Осори илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
- Курси мухтасари муодилаҳои физикаи математики. - Хуҷанд, 1996. ва диг.