Jump to content

Аллегретто

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аллегретто (италявӣ allegreto - суръати мӯътадилу шӯх) — аз аллегро (allegro ) — 1) суръати на он қадар тези мусиқӣ; 2) мафҳуме, ки фораму рӯҳбахш будани савти мусиқиро ифода мекунад (бештар бо унсурҳои рақсӣ шабеҳ дониста мешавад). Аллегретто дар аксари асарҳои мусиқӣ вохӯрда, суръати гуногуни мусиқиро дорост. Масалан, аз суръат бисёр суст (Бетховен, сонатаи 9-ум барои фортепиано, мм=d=56) то суръати шӯх (Бетховен, сонатаи 2-юм барои фортепиано, мм=9=160). Суръати шартии аллегретто нисбат ба allegro суст ва нисбат ба mode rato тезтар мешавад; 3) номи асар ё қисми мусиқӣ, ки зимни хусусиятҳо ва суръати аллегрето эҷод шудааст. Бештар менуэт ва финали (дар намуди рондо) сонатаҳо, баъзан қисми якуми он (Бетховен, сонатаи № 28, барои фортепиано) ё қисми сусти он (Бетховен, симфонияи № 7) дар ҳамин суръат эҷод мешавад.