Jump to content

Аллелопатия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аллелопатия (аз юнонӣ allelon – дутарафа ва pathos – таъсир) — таъсири як рустанӣ ба рустании дигар, ки дар натиҷаи аз худ хориҷ кардани моддаҳои махсус (антибиотикҳо, фитонсидҳо, меразминҳо, колинҳо) ба амал меояд. Баъзе микроорганизмҳо антибиотик ҳосил карда, рушди микроорганизмҳои дигарро бозмедоранд. Меразминҳоро низ микроорганизмҳо ба вуҷуд меоваранд ва рушди рустаниҳои олиташаккулро суст менамоянд. Фитонсидҳо маҳсули рустаниҳои олиташаккул буда, боиси сустшавии инкишофи микроорганизмҳо мегарданд. Колинҳоро баъзе рустаниҳои олиташаккул баҳри заиф намудани рушди рустаниҳои дигари олиташаккул ҳосил мекунанд. Ҳамин тавр, аллелопатия яке аз шаклҳои таъсири мутақобилаи рустаниҳост. Маълумоти нахус тин оид ба аллелопатия дар асарҳои олимони Юнони Қадим ва Рим (Теофраст, Плинейи Калонӣ) оварда шудаанд. Macалан, онҳо қайд кардаанд, ки маводи ихроҷкардаи дарахти ғор, финдиқ ва баъзе сабзавот ба инкишофи ток ва сифати ангур таъсири манфӣ мерасонад. Алҳол муқаррар шудааст, ки бис ёр рустаниҳои дар токзор рӯида сабзиши токро метезонанд (масалан, шилха, нахӯд ва ғайра) ё суст мекунанд (мехаки сафед, вазирак, авранҷ ва ғайра). Пайдоиши чим низ ба сабзиши ток таъсири манфӣ мерасонад. Таъсири заҳри занбӯруғҳои ҷинси Penicillium ва Aspergillus ҳам ба узвҳои гуногуни ток кам нест. Тухми ангур антибиотике дорад, ки ба дигар рустаниҳо, бактерияҳо ва занбӯруғҳо таъсири заифсозанда мерасонад. Омӯзиши аллелопатия баҳри мусоид сохтани низоми парвариши дарахтон, хусусан, бо роҳи кишти алафҳои гуногун бартараф кардани филлоксера муҳим аст.