Аллергология
Аллерголо́гия (аз юн. ἄλλος — дигар, ғайр, бегона, ἔργον — таъсир ва Λόγος — дониш, сухан, илм) — як фасли илми тиб, ки сабаб, тарзи инкишоф, зуҳуроти клиникии бемориҳои аллергӣ ва усулҳои пешгирию муолиҷаи онҳоро дар бар мегирад.
Аллергология бо иммунология зич алоқаманд аст. Баъзе амрози аллергӣ ба узвҳои дарун (масалан, як қатор бемориҳои хун, зиқи нафас, тарбод, артрити тарбодӣ, тиреоидит, гломерулонефрит), баъзе дигар ба бемориҳои чашм (конъюнктивити аллергӣ, офталмияи симпатикӣ ва ғайра), гӯшу гулӯю бинӣ (ринитҳои аллергӣ, синуитҳо, ларингитҳо ва ғайра), асаб (полирадикулоневритҳои аллергӣ, энсефаломиелитҳои баъдиваксинавӣ, склероз ва ғайра), пӯст (дерматозҳои касбӣ, саглес) мансубанд. Аллергология дар нимаи якуми садаи XX дар натиҷаи зиёд шудани бемориҳои аллергӣ ба миён омад. Дар аллергологияи муосир таҷрибаҳо дар ҳайвонот, усулҳои тадқиқи иммунологӣ, патофизиологӣ ва патохимиявӣ, роҳҳои мухталифи пажӯҳишҳои клиникоиммунологӣ (тестҳои пӯстӣ ва серологӣ), патофизиологӣ ва патохимиявии ашхоси гирифтори бемориҳои аллергӣ (намуна барои омӯзиши фаъолияти шуш, муқаррар кардани миқдори гистамин ва дигар моддаҳои фаъоли биологӣ дар хун) васеъ кор фармуда мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Адо А. Д., Общая аллергология, М., 1978;
- Земеков A. М., Клиническая иммунология и аллергология, Воронеж, 1997.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.