Аллигаторҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аллигаторҳо (лотинӣ Alligator, аз испанӣ el lagarto – калтакалос), як ҷинси хазандаҳо. Мансуб ба типи хордадорҳо ва қатори тимсоҳҳо мебошанд. Аллигаторҳо ду намуд доранд: миссисипӣ ва хитойӣ. Аллигаторҳои миссисипӣ (Аллигаторҳо mississippiensis) хазандаи азимҷусса (дарозиаш 4 – 4,5 м) буда, пойҳои кӯтоҳи ғафс дорад (лекин луқмаашро бо суръати тез дошта мегирад); пойҳои пеш аз панҷ ва қафо аз чор ангушт иборат мебошанд (байни ангуштони пойҳои пеш пардаи шиноварӣ дорад). Тахтапушти аллигаторҳо паҳно ва ранги сиёҳ дош та, бо сипарҳои шохин пӯшида шудааст; думаш пурқувват (думи аллигаторҳои ҷавон рахи зарди баланд дорад); чашмонаш хокистарранг. Дар дарёҳо, ҳавзҳо, ботлоқзорҳои штатҳои Каролина ва Флоридаи ШМА, ҳамчунин дар соҳили халиҷи Мексика маскунанд. Наринаҳои калон, одатан, танҳо ва наринаҳои хурд гурӯҳ-гурӯҳ мегарданд. Давраи болиғии аллигаторҳои америкоӣ ба дарозии тан вобаста аст (мавриди ба 180 см расидани дарозии тан болиғ мегардад). Модинааш то 35 – 50 тухм мегузорад. Хазандаи тезгард буда, дар хушкӣ бо суръати 45 км/соат ҳаракат карда метавонад. Одатан, шабона ба шикор мебарояд. Тӯъмаи онҳо моҳӣ, парандаю ҷонварони ширхӯри обӣ, нармбаданҳо ва харчангшаклҳоянд. Аллигаторҳои хитойӣ (аллигаторҳо sinensis) зарди хокистарранг буда, ҷоғи поёнаш доғҳои сиёҳ дорад. Тахтапушт, шикам ва пилки чашмонашро сипарҳои шохин фаро гирифтаанд. Тани аллигаторҳои хурд панҷ ва думи онҳо ҳафт рахи зард дорад (баробари калон шудан, рахҳо нест мешаванд). Дарозии модинааш – то 2,2 м, наринааш – тақрибан 1,4 – 1,7 м. Модинааш то 10 – 40 тухм мегузорад. Аллигаторҳои хитойӣ дар ҳавзаи дарё Янтсзи мас кун шудаанд.

Аллигаторҳо сари паҳн дошта, ҳангоми пӯшида будани даҳон дандонҳои чоруми ҷоғи поён нопадиданд (фарқи онҳо аз тимсоҳ дар ҳамин аст). Аз охири тирамоҳ то авв. баҳор аллигаторҳо ба ҳолати карахтӣ мегузаранд. Ҳавои сарду гармои зиёдро дар лонаҳои соҳилӣ (дар чуқурии 1 – 1,5 м) мегузаронанд. Баъди оғози мавсими боронгарӣ ба гушн меоянд. Аллигаторҳо то 85 сол умр мебинанд. Солҳои охир аз сабаби бисёр шикор кардани Аллигаторҳо шумораи онҳо хеле кам гаштааст. Аллигаторҳои хитойӣ ба Китоби Сурх дохил карда шудаанд. Аз пӯсти аллигаторҳо ҷомадон, зин ва ғайра месозанд. Бо ин мақсад дар штатҳои Флорида, Техас ва Луизианаи ШМА аллигаторҳоро дар фермаҳои махсус парвариш мекунанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]