Аллилсианид
Аллилсианид CH2 = CHCH2CN (3 – бутеннитрил) — моеи беранг; ҳарор гудозиш – 86,8°С, ҳарор ҷӯшиш – 118,5°С, зичиаш – 0,8377; дар об бад, дар ҳалкунандаҳои органикӣ хуб ҳал мешавад. Бо об ва обу спирти аллил омехтаи азеотропӣ ҳосил мекунад. Аллилсианид хосияти нитрилҳои беҳади алифатиро дорад. Дар муҳити ишқорӣ изомеризатсия шуда, омехтаи сис, трансизомерҳои кротононитрил (CH3CH = CHCN)-ро ба вуҷуд меоварад. Аз ин сабаб ҳангоми гидролизи ишқории аллилсианид кислотаи кротонат (CH3CH = CHCOOH) ва дар мавриди гидролизи кислотагӣ кислотаи винил атсетат (CH2 = CHCH2COOH) ҳосил мешавад. Дар иштироки асосҳо бо моддаҳое, ки атоми гидрогени фаъол доранд, ба реаксия медарояд. Дар ин маврид аллилсианид ба изомеризатсия дучор меояд. Аллилсианидро дар натиҷаи таъсири ҳамдигарии аллилбромид (ё аллилхлорид) ва CuCN бе ҳалкунанда ё аллилхлорид ва HCN (ё NaCN) дар муҳити обӣ ҳосил мекунанд. Ба сифати аксептор (гиранда)-и хлориди гид роген CaCО3-ро истифода мебаранд. Аллилсианидро метавон барои истеҳсоли кислотаи винилатсетат кор фармуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.