Аллилхлорид

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Аллилхлорид — хлориди аллил, СН2 = СН – СН2 С1, як навъ пайвасти органикист. Моеи беранг, бӯи тез дорад; ҳарорати ҷӯшишаш 45°С, зичиаш 938 кг/м3 (дар 20°С), массаи мол. 76,53. Дар об бад, дар ҳалкунандаҳои органикӣ хуб ҳал мешавад. Аллилхлоридро аз спирти аллил бо таъсири РСl ҳосил кардан мумкин аст: СН2 = СН – СН2ОН + РСl5 → → СН2 = СН – СН2С1 + РОСl3 + HC1 Аллилхлоридро дар саноат бо роҳи хлоронидани пропилен дар ҳарорати баланд (500°С) ҳосил мекунанд. Аллилхлорид дар истеҳсоли эпихлоргидрин, глитсерин, дору, инсектисидҳо, эфирҳои аллилӣ, спирти аллилӣ, баъзе хелҳои пластмасса, ширеш ва нармкунандаҳо, аллиламин, сиклопропан, аллилсахароза истифода мешавад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]