Аллогенез
Аллогенез (юнонӣ allos – дигар ва genesis – пайдоиш) — яке аз равияҳои асосии пешрафти таҳаввулот. Истилоҳи аллогенезро соли 1967 профессор украин аллогенез А. Павлов дар илм ҷорӣ кардааст. Аллогенез ба вуҷуд омадани тағйирот дар сохтор ва фаъолияти баъзе гурӯҳи организмҳо мебошад. Масалан, гуногунии нӯли парандагон имкон медиҳад, ки онҳо ғизоҳои мухталифро мутобиқ ба шароит истифода баранд. Чунин ҳолатро метавон дар тарзи ҷойгирии дандонҳои ҳайвоноти ширхор ва гуногунии тухми рустаниҳо низ мушоҳида кард. Мисоли маъмули аллогенез телогенез (теломорфоз) ва гипергенез аст. Дар мавриди телогенез мутобиқат мунҳасир сурат гирифта, фаъолияти узве, ки дучори таҳаввулот гаштааст, маҳдуд мешавад (масалан, даҳони мӯрчахӯрак, ки фақат барои истеъмоли як намуди ғизо мутобиқ гаштааст). Ҳангоми гипергенез, баръакс, ҳолати якбора калон шудани организм ё бархе аз узвҳои он ба мушоҳида мерасад (масалан, шохҳои ниҳоят калони баъзе оҳувони мунқариз, каркаданҳои мунқариз ва ғайра).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.