Аллон-дуллон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аллон-дуллонбозии коллективонаи бачагони тоҷик. Аллон-дуллон навъҳои зиёд дорад ва бештар бо иштироки 4 бозигар сар мешавад. Бозигарон нишаста, пойҳояшонро дароз мекунанд. Яктоашон бо овози баланд мегӯянд: «Аллон-дуллон, хӯҷа калон, аркаш баркаш, як пота каш!». Бозигарон зуд пойҳояшонро аз давра кашида пинҳон менамоянд. Касе, ки ин шартро мунтазам ва зуд иҷро накард, бо қарори гурӯҳ «ҷазо» мегирад. Масалан, ҳӯпоқ задан ва ғайра аллон-дуллон дар бачагон ҳушёрӣ ва чолокиро инкишоф дода, онҳоро дар рӯҳи коллективизм тарбия мекунад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]