Jump to content

Аллотриоморфизм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аллотриоморфизм — к с е н о м о р ф и з м (юнонӣ allotrios, xenos – дигар, бегона, morphe – шакл), ҳосил шудани минералҳое, ки шакли ба худ хоси кристаллографӣ надоранд. Нахустин кристаллҳое, ки ҳангоми шах шудани магма (дар ҷараёни ҳосил гардидани ҷинсҳои магмавӣ) аз моддаҳои гудохта пайдо мешаванд, шакли мукаммали кристаллографӣ мегиранд. Кристаллҳои минбаъдае, ки дар байни кристаллҳои мукаммал ҷойгир шуда, инкишоф меёбанд, шакли кристаллографӣ гирифта наметавонанд. Ин гуна кристаллҳоро кристаллҳои аллотриоморфӣ ё ксеноморфӣ меноманд. Истилоҳи зидди аллотриоморфизм– идиоморфизм мебошад.