Аловиддин Шоинбеков

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Аловиддин Шоинбеков
Аловиддин Абдуллобекович Шоинбеков
Санаи таваллуд:

3 январи 1970

Зодгоҳ:

ноҳияи Роштқалъа

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Осорхонаи таърихи - кишваршиносии ВМКБ

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои таърих

Унвонҳои илмӣ:

дотсент

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев

Аловиддин Абдуллобекович Шоинбеков (тав. 3.01.1970, ноҳияи Роштқалъа), муаррих, номзади илмҳои таърих (2007).

Зиндагинома[вироиш]

Аловиддин Абдуллобекович Шоинбеков солҳои 1987-1992 дар факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев таҳсил намудааст. Солҳои 1992-1995 муаллими фанни таърихи мактаби миёнаи №14, 1997-2000 аспиранти филиали Помиршиносии шаҳри Хоруғи Пажуҳишгоҳи Улуми Инсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1995-1997 ассистенти кафедраи таърихи умумии факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев кор кардааст. Аз моҳи соли 2007 то соли 2014 декани факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев буд. Муаллифи зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ мебошад. Солҳои 1998-2005 директори Осорхонаи таърихи - кишваршиносии ВМКБ, 2005-2007 бозомӯзи Осорхонаи антропологӣ - этнографии (Кунсткамера МАЭ РАН) ш. Санкт- Петербург буд. Доир ба мавзӯъи анъанаҳои маросими дафн ва мотами исмоилиёни Помири Ғарбӣ дар охири XIX - ибтидои асри ХХ кори илмӣ-тадқиқотӣ анҷом додаст. Муаллифи як чанд мақолаҳои илмӣ мебошад.

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ