Ноҳияи Роштқалъа
Ноҳияи маъмурӣ | |
Ноҳияи Роштқалъа | |
37°12′25″ с. ш. 71°50′22″ в. д.HGЯO | |
Кишвар | [[|]] |
Тобеъи | Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
Шомили | 6 ҷамоат |
Маркази маъмурӣ | Роштқалъа |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 1992 |
Масоҳат | 5000 км² |
Баландӣ
|
|
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 28100[2] нафар (2022) |
Миллият | тоҷикон |
Мазҳаб | мусулмонон, исмоилиҳо, шиъаҳо |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Сарвожа | RO |
Рамзи ISO 3166-2 | TJ.BK.RO |
Коди телефон | +992 3555 |
Нишонаи почта | 736112 |
Домени интернет | tj |
Коди мошинҳо | 04 TJ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ноҳияи Роштқалъа (форсӣ: ناحیۀ راشتقلعه) — яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Ин ноҳия барои нахустин бор дар соли 1936 таъсис ёфта буд, вале дар соли 1963 бахше аз ноҳияи Шуғнон шуд. Дубора дар соли 1992 аз Шуғнон ҷудо ва ноҳия эълом шуд.
Маркази ин ноҳия рустои Роштқалъа (форсӣ: راشتقلعه) аст, ки 30 км ҷанубу шарқтар аз шаҳри Хоруғ дар каронаи рӯди Шохдара ҷой дорад.
Ҷуғрофия
[вироиш | вироиши манбаъ]Ноҳияи Роштқалъа дар миёни қаторкӯҳҳои Шуғнон ва Роштқалъа воқеъ аст. Дар шимолу ғарб бо ноҳияи Шуғнон, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб, дар ҷануб бо ноҳияи Ишкошим ҳаммарз мебошад.
Аз шимолу шарқи ноҳияи Роштқалъа ба шимолу ғарби он рӯди Шохдара гузар мекунанд, ки ба рӯди Ғунд мерезад.
Ноҳияи Роштқалъа ҳудудан 5000 км² масоҳат дорад.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Бино бар саршумори соли 2015 дар ноҳияи Роштқалъа 25 700 нафар зиндагӣ мекунад. Мардуми Роштқалъа ба забони шуғнӣ сухан мегӯянд.
сол | 2014 | 2015 | 2019 | 2020 |
---|---|---|---|---|
шумора (ҳаз. нафар) | 25,4 | ↗25,7 | ↗27,2 | ↗27,4 |
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Бино бар роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна, ноҳияҳои Рӯшону Шуғнону Роштқалъа дар гузашта як сарзамин буда Шуғнон (форсӣ: شغنان) ном доштаанд.[3]
Шуғнон аз замони Сомониён то соли 1895 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Қаламрави подшоҳии Шуғнон сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои тоҷикии Рӯшону Шуғнону Роштқалъа ва вулусволии афғонии Шуғнон (форсӣ: شغنان) дар ду канораи рӯди Панҷро дар бар мегирифтааст.
Соли 1895 подшоҳии Шуғнон, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид ва канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.[4]
Роштқалъа дар солҳои 1878 – 1920 яке аз бекигариҳои аморати Бухоро буд ва бек дар рустои Роштқалъа менишаст ва мир хонда мешуд.
Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон дар соли 1924, Роштқалъа бахше аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардид, ки 2 январи соли 1925 таъсис дода шуд.
Соли 1936 Роштқалъа ҳамчун ноҳия таъсис дода шуд ва ду деҳшӯро ё ҷамоат дошт: Роштқалъаи Боло ва Роштқалъаи Поён. Дертар сарзамини ноҳия ба 4 деҳшӯро - Сежд, Роштқалъа, Тадем ва Хидорҷев — бахш гардид, ки 47 деҳаро дар бар мегирифтанд. То соли 1963 дар ноҳияи Роштқалъа боз ду деҳшӯро — Тусён ва Октябр таъсис дода шуд. Соли 1963 ноҳияи Роштқалъа барҳам дода шуд ва сарзаминаш бахше аз ноҳияи Шуғнон шуд. Роштқалъа дубора дар соли 1992 аз Шуғнон ҷудо ва ноҳия эълом шуд.
Бахшҳои идорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Роштқалъа 6 ҷамоат дорад[5]
Ҷамоатҳои ноҳияи Роштқалъа | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | Деҳаҳо | |||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Роштқалъа | 3124 | Роштқалъа, Анҷин, Биҷур, Қалъа, Пастарез, Тингхон, Ҷарх, | |||||||||
Барвоз | 3004 | Вездара, Амбав, Бидизи Боло, Зануҷ, Лесхоз, Миденвед, Падед, Синдев, Сорҷ, Шивоз, Шохиризм, Чандин | |||||||||
М. Миршакар | 7821 | Видоҷ, Бароҷ, Барҷангал, Бидиз, Дашт, Даштак, Занинс, Миденшарв, Парзудч, Тирбар, Чагев | |||||||||
Сижд | 3028 | Советобод, Нимос, Сижд, Шошбувад, Шошдарарӯя, Ҷавшангоз, Ҷараҷанд | |||||||||
Тавдем | 6507 | Тавдеми Поён, Андарв, Бодом, Каёнен, Паршед, Риҷист, Сумчев, Тавдем, Хабост, Хидорчев, Хиҷ их, Шикуш, Шод, Шувҷев | |||||||||
Тусён | 2866 | Лангар, Барнев, Девлох, Жирпор, Зигур, Лахшик, Намадраҷ, Нудҷ, Ризев, Сазд, Себзор, Шош |
Ҳукумат
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарвари ноҳияи Роштқалъа Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Роштқалъа — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Роштқалъа ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 https://web.archive.org/web/20221010195817/https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 18 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ Камалиддинов Ш.С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX - начала XIII вв.
- ↑ Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0
- ↑ Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.
Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бурхан-уд-Дин-Хан Кушкеки, Путеводитель по Каттагану и Бадахшану
- Камалиддинов Ш.С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX - начала XIII вв.
- Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0