Аломатҳои роҳ
Аломатҳои роҳ — аломатҳои андозаву рангашон гуногун, ки дар кӯчаву роҳҳои автомобилгард гузошта мешаванд.
Аломатҳои роҳ воситаи муҳими техникии тартиби ҳаракат буда, ронандаву пиёдагардонро аз қитъаҳои хатарноки роҳ, самти ҳаракат огоҳ менамоянд, оид ба нуқтаҳои хидматрасонӣ иттило медиҳанд, ҳаракати нақлиёту пиёдагардонро ба танзим меоваранд.
Аломатҳои роҳ дар Иттиҳоди Шӯравӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар СССР аввалин аломатҳои роҳ соли 1927 мураттаб шудаанд. Соли 1933 миқдори онҳо ба 22, соли 1953 ба 39, соли 1960 ба 55 расид. Аз 1 январи 1973 мувофиқи меъёри давлатӣ (ГОСТ-и 10807-71) 126 аломатҳои гуногун ва ҷадвалҳо дар амал ҷорӣ шуданд. Ин меъёр, ки мувофиқи талаботи Конвенсия дар бораи аломатҳо ва нишонаҳои роҳ (1968, Вена) ва Созишномаи Европоӣ (1971, Женева) тартиб дода шуда буд, шакл, андоза, ранг, тасвир, вазифа ва ҷои гузоштани аломатҳои роҳро муқаррар мекард.
Гурӯҳи аломатҳои роҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]5 гурӯҳи аломатҳои роҳ мавҷуд буданд:
- огоҳкунанда
- манъкунанда
- амрдиҳанда
- ишоратӣ
- ва воситаҳои иловагии иттилоотӣ.
Рақами тартибӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳар яки ин аломатҳо рақами тартибӣ (индекс) дорад, ки аз ду-се адад иборат аст.
- Адади якуми зери аломат гурӯҳ,
- адади дуюм рақами тартибии аломат ва
- адади сеюм рақами зергурӯҳро нишон медиҳад.
Аломатҳои огоҳкунанда
[вироиш | вироиши манбаъ]Аломатҳои огоҳкунанда ба шакли секунҷаи баробартарафи зард (то соли 1975),
манъкунанда ба шакли доираҳои зард (то соли 1975),
амрдиҳанда ба шакли доираи кабуд,
ишоратӣ ба шакли росткунҷаи кабуд,
оситаҳои иловагии иттилоотӣ ба шакли чоркунҷа ё росткунҷаи ҳарранга сохта мешуданд.
Дар пайраҳаҳои кӯҳистони тоҷик аз қадим мисраи ғазал ё байтеро чун аломати огоҳкунанда ба кор мебурданд. Масалан, дар рӯи харсангҳои соҳилҳои пурхатари дарёҳои Яғноб, Фон, Зарафшон ва Панҷ катибаҳои зеринро пайдо кардаанд:
«Як қадам роҳ аст, Бедил, аз ту то домони хок. Дар сари миҷгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош!» ё худ
«Эй сорбон, оҳиста рон!» ва ғайра Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он, танзими ҳуқуқҳо, вазифаҳо ва масъулияти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ 4 ноябри 1995 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» қабул карда шуд.
Аломатҳои роҳ дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар асоси талаботи қонуни мазкур, пас аз тайёр намудани лоиҳаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мувофиқа намудани он бо вазорату кумитаҳои дахлдор 25 декабри 1997 «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон» (№ 565) таҳия ва тасдиқ карда шуд. Дар замимаи №1 қоидаҳо, нисбат ба қоидаҳои қаблӣ 10 аломатҳои роҳи нав:
- 3.32 «Ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо борҳои хатарнок манъ аст»,
- 3.33 «Ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо борҳои тарканда ва зудоташгиранда манъ аст»,
- 3.34 «Ҳаракати автобусҳо манъ аст»,
- 3.35 «Охири минтақаи манъи ҳаракати автобусҳо»,
- 4.9.1 – 4.9.3 «Самти ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо борҳои хатарнок»,
- 5.38 «Минтақаи истиқоматӣ»,
- 5.39 «Охири минтақаи истиқоматӣ»,
- 5.40 «Ҷои ноҳамвории сунъӣ» ва аломатҳои иттилооти иловагии: 7. 4. 8 «Намуди воситаи нақлиёт»,
7.19 «Гурӯҳи бори хатарнок» илова шудаанд.
Бо Қарори Ҳукумати ҶТ №28 аз 4 феврали 2003 ба қарори амалкунанда тағйироту иловаҳо дохил карда шудааст.
Аломатҳои роҳ дар асоси меъёрҳои давлатӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аломатҳои роҳ дар асоси меъёрҳои давлатӣ (ГОСТ 10807 – 78 ва 23475-86) мураттаб гардида, ба 7 гурӯҳ тақсим мешавад ва шумораи умумии онҳо 275-ро ташкил медиҳанд, аз он ҷумла:
- огоҳкунанда – 43,
- афзалият – 9,
- манъкунанда – 37,
- дастурдиҳанда – 18,
- иттилоотиву ишоратӣ – 104,
- хидматрасонӣ – 14
- лавҳачаҳои иттилоотӣ-иловагӣ – 50.
Мутобиқи талаботи меъёрҳои зикр шуда шакли аломатҳо чун пештара бетағйир мондаанд, ранги аломатҳои огоҳкунанда ва манъкунанда сафед буда, дар атрофаш ҳошия (тасма)-и сурх кашида шудаст; аломатҳои дастурдиҳанда, иттилоотӣ-ишоратӣ ва хидматрасонӣ ранги кабуд доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аломатҳои роҳ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.