Алопӯчоқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Алопӯчоқ — навъе аз харбузаҳои тирамоҳӣ. Алопӯчоқ баъди 95 – 100 рӯзи кишт мепазад. Аз ҳар га 250 – 300 сентнер ҳосил меғундоранд. Ҳосилаш тухмшакл, дарозиаш 28 – 35 см, вазнаш 4 – 6 кг. Пӯсташ сахт, тӯрдор, зард; рахҳояш сабзи баланд. Мағзаш (ғафсиаш 5 – 6 см) сероби ширин, сабзи кушод, то 10% қанд дорад. Бештар дар ноҳияҳои Зафаробод, Истаравшан, Мастчоҳ кошта мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]