Алоуддин Шамсулислом
Алоуддин Шамсулислом | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | фақеҳ |
Вироиши Викидода |
Алоуддин Шамсулислом (тав. ва вафот номаълум) — донишманди машҳури илми фиқҳи форс-тоҷик (асри 12).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар доираи илмии Самарқанд ба камол расида, барои такмили дониш ба мамлакатҳои шарқи араб сафар кардааст. Қариб ҳамаи илмҳои замонашро омӯхтааст, вале диққати ӯро асосан ҳуқуқшиносӣ, шарҳи ақоиди динӣ, баъзе тафовутҳои ислом аз динҳои дигар ҷалб мекунад. Оид ба илми фиқҳ «Китоб-ут-туҳфат-ул-фуқаҳо» («Китоби туҳфаи фақеҳон») ва «Мухталиф-ур -ривоя» («Ривоятҳои мухталиф»)-ро таълиф намудааст. Алоуддин Шамсулислом дар асарҳои худ масъалаҳои ҳуқуқро ба тариқи баҳсу мунозира ҳал намуда, аз натиҷаи он хулоса ва ҳукм мебарорад. Абдулқодири Масъуди Кошонӣ оид ба методологияи ҳуқуқшиносии ӯ «Мизон-ул-усул фи-натоиҷ-ил-уқул» («Мизони санҷиши натиҷаи ақлҳо», 1145) ном рисола навишта, таълимоти ҳуқуқшиносии ӯро шарҳ додааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.